КоронавирусХабарҳо

COVID-Omicron XBB дар Тоҷикистон тасдиқ нашуд

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабари «гардиши навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB”-ро дар кишвар рад кард.
Тайи чанд рӯзи охир тариқи паёмрасонакҳо, аз ҷумла вотсап, вайбер ва телеграм ба шаҳрвандони мамлакат маълумоте ирсол гардида истодааст, ки гӯё дар кишвар навъи нави коронавируси COVID-Omicron XBB дар гардиш аст.
Вазорати тандурустӣ ин навъи бемориро “бемориҳои шадиди роҳҳои нафас”гуфтааст, на ягон намуд вируси хатарнок.
“Имрӯзҳо нафароне, ки бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат мекунанд, аз онҳо ташхиси бемории COVID-19 гирифта мешавад. Хушбахтона, натиҷаи ташхисҳо нишон медиҳанд, ки то кунун дар мамлакат ягон нафар ба ин вирус гирифтор нест.”
Мақоли халқие ҳаст, ки мегӯянд “табиби ҳар нафар худаш аст” Ҳамватанони азиз эҳтиёткор бошед ва худро аз бемориҳои шадиди роҳҳои нафас эмин нигоҳ доред.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button