ТОҶИКИСТОНҲодисаҶомеа

ИН ЧӢ ДАҲШАТ АСТ? ЯК СОКИНИ КОНИБОДОМ МОДАРИ СОЛХӮРДАВУ БЕМОРАШРО БО 136 ЗАРБАИ КОРД КУШТААСТ 

Як марди 32-солаи сокини кӯчаи Пахтаободи ҷамоати Фирӯзобаи шаҳри Конибодом бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи модари 65-солааш дастгир шудааст. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд шоми 10 декабри соли 2023 дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Милитсия хабар медиҳад” хабар дод, ки Шаҳриёр Норматов рӯзи 24 ноябр модараш Ҳалимаҷон Норматоваро дар хонаашон бо 136 зарбаи корд куштааст. Дар гузориш гуфта мешавад, ки модаре, ки кушта шуд, аз соли 1993, инак 30 сол боз аз бемории рӯҳӣ низ ранҷ мебурд.

Ин зан се фарзанд доштааст ва дар хона ҳамроҳи писари хурдиаш Шаҳриёр Норматов зиндагӣ мекард. Рӯзи 24 ноябр байни модару писар дар ҳуҷраи хоби писар муноқишае бархост, ки бо чунин оқибати мудҳиш: қатли модар аз дасти фарзанд анҷом ёфт.

Акбар Шарифӣ ин ҷиноятро “хеле дарднок” ба қалам дода, гуфт, “модари муштипар, ки дар ин синни 65 сазовори меҳрубониву навозиш аз ҷониби фарзандон буд, аз ҷониби фарзанди нохалаф бо як бераҳмии махсус кушта шуд”.

Сабаби муноқишаи модару писар гуфта нашудааст, вале дар ҷараёни гузориш дида мешавад, ки Шаҳриёр Норматов чӣ гуна муфассал ҷараёни ҳодисаро нақл мекунад ва чӣ гуна модарашро корд борон кардани худро низ мӯ ба мӯ нишон медиҳад.

Ӯ мегӯяд: “Кордро гирифту тарафи ман омад ва заданӣ шуд. Ман кордро аз дасташон кашида гирифтаму, як зарба ба рӯяш задам, баъд ба шикамашон задам, ба дасташон задам, ба гарданашон задам, ба сарашон задам. Ғалтиданду мурданд…”

Шаҳриёр Норматов, бино ба нақли худаш, баъди куштани модараш, сару либоси хунолуди ӯро иваз карда, ба танаш либоси дигар пӯшондааст ва ба ҳуҷраи дигар бурда, дар бистараш хобондааст.  Ӯ ҳамин тавр, фарши хунолуди ҳуҷраи хоби худ ва кордеро, ки бо он ба бадани модараш 136 зарба зада буд, тоза шустааст, то изи ҷинояти гӯшношунидашро пок кунад.

Шаҳриёр Норматов танҳо баъди як рӯз ба хешу табор аз марги ногаҳонии модараш хабар додааст, вале тавре бародарзодаи Ҳалимаҷон Норматова нақл кард, онҳо аввал дар гардани марҳум изи захми кордро дида, ба марги табии аммааш шубҳа кардаанд.

Акбар Шарифӣ гуфт, тафтишот фарзияи бемории равонӣ доштани Шаҳриёр Норматовро низ тавассути анҷоми ташхисҳои тиббиву равонӣ таҳқиқ мекунад, вале ӯ то кунун дар қайди беморони рӯҳӣ қарор надошт.

Ба зидди Шаҳриёр Норматов бар асоси моддаи 104 бо иттиҳоми одамкушӣ бо бераҳмии махсус парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси умрбод таҳдид мекунад.

Аз соли 2004 дар Тоҷикистон рӯи судур ва иҷрои ҳукми қатл мораторий ҷорӣ карда шудааст. Вале вақтҳои охир дар пайи зиёд шудани чунин ҷиноятҳои сангин дар ҷомиа садоҳое баланд мешавад, ки бояд ҳукми қатлро дар Тоҷикистон барои ҷиноятҳои хеле сахт барқарор кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button