Ҳодиса

ДАРГУЗАШТИ ҚАМЧИН ЧИЛЛАЕВ , ОЛИМИ ДИССИДЕНТ ВА МУРАТТИБИ 7 ҶИЛДИ “САМАКИ АЙЁР”

Қамчин Чиллаев, равшанфикр ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик рӯзи 9 декабри соли 2023 дар синни 87 ба раҳмати Ҳақ пайваст. Дар ин бора дар Фейсбук журналист Ҷонибек Асрориён хабар дод. Дар бораи иллати марги олими маъруф чизе гуфта нашудааст, вале ба иттилои Ҷонибек Асрориён, маросими намози ҷанозаи Қамчин Чиллаев нимаи дуюми рӯзи 9 декабр, соати 16 дар масҷиди Имоми Аъзам доир шудааст.

Даҳҳо тан аз олимону равшанфикрони тоҷик аз марги Қамчин Чиллаев изҳори андӯҳ кардаанд.

Саъдӣ Маҳдӣ хабар дод, ки Қамчин Чиллаев солҳои ахир ба таҳияи луғати вожаҳои сирф тоҷикӣ машғул буд ва ин фарҳангро тартиб ҳам дод, вале чопаш карда натавонист.

Музаффар Мунавварзод, аз шогирдони Қамчин Чиллаев бо изҳори афсӯс навишт, ки тақдир бо ин олими тавоно номеҳрубон буд.

Аз падару модар дар кӯдакӣ маҳрум шудадар хонаи ятимон бузург шудЧанд сол дар ҷанги Афғонистон дар сафи артиши шӯравӣ хидмат карда контузия гирифта буд ва ин ба асабаш таъсири манфӣ расонда будЧун дониши фарох ва мукаммал доштдар баҳсҳои илмӣ сахтсар буд ва агар лозим меомад, ба касе гузашт намекард ва касеро хотир намедидҲамагӣ номзади илм буд ва нахост кори докторӣ анҷом диҳадагарчӣ ин кор барояш хеле осон будДар зиндагии оилавӣ низ ноком буд…, аз ду фарзанде доштяке хеле ҷавон даргузашт ва дигарӣ ба Русия рафта беному нишон гум шудАз ин писараш як набера дошт ва вуҷуди ин набера дили ӯро ба зиндагӣ гарм нигоҳ медоштҲамеша кор мекардчизҳои хубе навишта ва тарҷума карда будНавиштаҳои ӯ дар сабки классикӣ иншо мешудандӯ сарагаро буд ва фавқулода зебо ва пухта менавиштЧун инсон ӯ ботини зебо доштаммо ҳақпарасту ҳақгӯки буд ва танҳо сухани рост мегуфтбисёриҳо бо ӯ наздикӣ намекарданд ва танҳо будЁдат бахайр устоди донишманд!”– навиштааст Музаффар Мунавварзод.

Қамчин Чиллаев соли 1936 ба дунё омада, шуъбаи забони форсии риштаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Тамоми умрашро чун корманди илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи забону адабиёти ба номи Рӯдакии он вақт Академияи илмҳои Тоҷикистон сипарӣ кард ва аз камшумор адабиётшиносоне буд, ки ба таҳқиқ, баргардон ва нашри асарҳои насрии адабиёти классик машғул буд.

Баргардон ва нашри 7 ҷилд китоби дар замонаш хеле пурхонандаи “Самаки Айёр” аз хидматҳои мондагори Қамчин Чиллаев дар замони Шӯравӣ буд. Ӯ ҳамчунин дар таҳия ва нашри сеҷилдаи низ дар вақташ пурхонандаи “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт” нақши умда дошт.

Қамчин Чиллаев муҳақққиқи асари безаволи “Абӯмуслимнома” буда, таҳқиқоти худро дар китобе бо номи “Абӯмуслимнома – романи халқӣ” гирд овардааст. Ин китоби ӯ аз сӯи Пажуҳишгоҳи дастхатҳои шарқии шаҳри Санкт-Петербурги Академияи улуми Русия, яке аз маркази муътабари илми шарқшиносӣ низ ба забони русӣ нашр шудааст.

Қамчин Чиллаев дар баробари корҳои арзандаи илмиаш ҳамчунин аз ҷумла он равшанфикроне буд, ки дар саргаҳи бедорӣ ва худшиносии миллии мардуми тоҷик меистоданд. Қамчин Чиллаев дар баробари 26 нафар аз равшанфикроне буд, ки дар поёни солҳои 60-умиасри 20, вақте Маҳмадулло Холов, раиси вақти Шӯрои олии Тоҷикистон дар як нашрияи марказии Иттиҳоди Шӯравӣ навишт, ки гӯё халқи тоҷик то инқилоби соли 1917 саросар бесавод буд, бо эътироз ба Шӯрои олӣ омаданд. Равшанфикрони тоҷик, ки дар байнашон Лоиқ Шералӣ, Валӣ Самад, Раҳим Мусулмонқулов, Маҳмудҷон Воҳидов, Мастон Шералӣ, Ғоиб Сафарзода , Ӯрун Кӯҳзод, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, Бурҳон Ғанӣ, Муродуллоҳ Шерализода, Фотеҳ Абдуллоҳ, Меҳмон Бахтӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҳабибулло Файзулло, Қамчин Чиллаев, Ҳасани Муҳаммадӣ, Валӣ Самад, Дорои Дӯст ва боз чандин нафари дигар буданд, дар як баҳси тунд ба Холов фаҳмонданд, ки агар халқи тоҷик бесавод буд, ин ҳазорон девони шеъру ҳазорон китобҳои илмие, ки аз классикони мо ба ёдгор мондааст, аз куҷост?

Ин эътироз ба сарнавишти бисёре аз ин равшанфикрони норозӣ таъсири манфӣ гузошт. Ба онҳо тамғаи “миллатчӣ” заданд ва барои мисол, Қамчин Чиллаев дигар натавонист рисолаи докторӣ бинависаду дифоъ кунад. То фурӯпошии Шӯравӣ Қамчин Чиллаев дар доираҳои расмӣ ҳамчун олими диссидент шинохта шуда, ба маҳфилҳои расмӣ роҳ надошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button