СиёсатТОҶИКИСТОН

ОЛМОН ЯКЕ АЗ ОНҲОЕРО, КИ МОШИНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БО ТУХМ ЗАДАНД, БА ТОҶИКИСТОН ИХРОҶ КАРД

Ҳаракати оппозитсионии феълан фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” рӯзи 8 декабри соли 2023 бо нашри як изҳорот тасдиқ кард, ки мақомоти Олмон узви ин гуруҳ Билол Қурбоналиев, мутахаллис ба Усмонро, ки аз моҳи октябр дар Олмон барои вайрон кардани қонунҳои будубош дар боздошт қарор дошт, ҳанӯз рӯзи 24 ноябр ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Қурбоналиев яке аз онҳое буд, ки дар поёни моҳи сентябр дар ҳамла бо тухм ба мошини президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин иштирок дошт ва ҳамсафонаш ҳоло аз он дар ташвишанд, ки ӯ дар Тоҷикистон ба сурати ногузир ба хатари азобу шиканҷа ва ҳукми тӯлонии зиндон дучор мешавад.

Билол Қурбоналиев баъди Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз собиқадорони ҳизби низ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзат (ҲНИТ), ки дар аввали соли ҷорӣ аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар Тоҷикистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуд, инак дуюмин нафар аз мухолифини ҳукумати Тоҷикистон аст, ки мақомоти Олмон дар соли 2023 ба Тоҷикистон ихроҷ карданд.

Бино ба изҳороти “Гуруҳи 24”, бахши ихроҷи идораи муҳоҷирати Олмон дар шаҳри Ҳоф хабар додааст, ки ин ниҳод узви “Гурӯҳи 24” Билол Қурбоналиевро, ки 24 октябри соли равон аз ҷониби пулиси шаҳри Зирндорфи Олмон барои риоя накардани қоидаҳои иқомат дар ин кишвар боздошт шуда буд,  ба Тоҷикистон истирдод кард. Вакили дифои Қурбоналиев хабар додааст,  ки идораи муҳоҷират рӯзи 24 ноябр дар бораи ба Тоҷикистон ихроҷ кардани Билол Қурбоналиев қарор қабул кардааст ва худи ҳамон рӯз бахши ихроҷи ин ниҳод Қурбоналиевро ба Тоҷикистон ихроҷ кардааст. Ба гуфтаи адвокат, қарори ихроҷи муваккилаш ба ӯ танҳо рӯзи 27 ноябр, яъне пас аз се рӯзи ихроҷи ӯ расидааст. Вакили дифои Қурбоналиев таъкид кардааст,  ки аз ин амали, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунии идораи муҳоҷират ба додгоҳ шикоят бурда, ба Олмон баргардондан ва тибқи қонунҳои Олмон ҷазо додани ӯро тақозо хоҳад кард. Ҳарчанд таҷрибаи талошҳои ноком барои баргардондани Абдуллоҳи Шамсиддин нишон медиҳад, ки имкони аз Тоҷикистон ба Аврупо пас овардани бурдашудаҳо хеле ночиз буда, то ҳол ҳамагӣ як истиснои аввалину охирин дошт ва он ҳам бозгашти Шарофиддин Гадоев дар соли 2019.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун расман дар бораи ихроҷи Билол Қурбоналиев аз Олмон ягон иттилои расмӣ нашр накардаанд. Вале дар саҳифаҳои троллҳои ҳукуматӣ хабари ба Тоҷикистон ихроҷ шудани Билол Қурбоналиев ҳанӯз рӯзи 6 декабр нашр шуда буд.

Аз ҷумла Парвиз Сафаров ном нафаре рӯзи 6 декабр дар Фейсбук навишт, ки Қурбоналиев Билолро, ки бо номи Усмон маъруф аст, мақомоти қудратии Тоҷикистон дар Германия дастгир карда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бурданд”. Бино ба натиҷагирии ин нафар, “аз ин мебарояд, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон хело боқувват шуда, акнун аз давлатҳои Аврупо низ моро дастгир карда метавонанд”.

Чанд нафари дигар аз тарафдорони ҳукумат дар зери ин матлаб изҳори назар кардаанд, ки акнун Усмон барои тухм задани мошини президент ва саҳначаҳояш дар бораи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон пурра ҷавоб хоҳад дод.

Билол Қурбоналиев (“Усмон”) дар канали Drama.Tj, ки аз ҷониби “Гуруҳи 24” дар Ютуб роҳандозӣ шудааст, фаъолона иштирок дошт. Дар ин канал ҳунарпешаҳои ҳаваскор филмҳои кӯтоҳеро дар бораи чӣ гуна шиканҷа кардану ба эътирофи гуноҳҳои нокарда водор кардани боздоштшудагон дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро ба саҳна мегузоштанд ва “Усмон” дар ин филмҳо асосан нақши қурбонии шиканҷаро бозӣ мекард.

Билол Қурбоналиев замони дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш, ба барномаҳои “Гуруҳи 24” пайваста, фаъолона дар он барномаҳо иштирок ва суханронӣ мекард ва баъдан аз тарси таъқиб аз Русия ба Украина рафт. 

Моҳи феврали соли 2022, дар пайи ҳамлаи Русия ба хоки Украина, кишварҳои Аврупо ба миллионҳо сокини Украина паноҳ дод. Бар асоси ба истилоҳ “банди 24” хориҷиҳое, ки дар Украина қарор доштанд, низ  имкони паноҳ бурдан ба кишварҳои Аврупоро ба даст оварданд. “Усмон” бар асоси ҳамин “банди 24” аз Украина ба Олмон омад ва инҷо ба сар мебурд.

Вале баъдан Иттиҳоди Аврупо “банди 24”-ро бозбинӣ карда,  имкони дарёфти паноҳандагӣ барои хориҷиҳои аз Украина ба Аврупо омадаро хеле маҳдуд кард.“Усмон” барои дарёфти паноҳандагӣ дар Олмон ариза дода буд, вале идораи муҳоҷирати Олмон дархости ӯро рад кард.

Рӯзҳои 28 ва 29 сентябри соли 2023, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Олмон ба Берлин омада буд, мухолифони тоҷик ба зидди сафари ӯ як силсила эътирозҳо доир карданд. Рӯзи 29 сентябр ба чанде аз аъзои “Гуруҳи 24” муяссар шуд, ки бо тухм ба корвони мошинҳои Эмомалӣ Раҳмон дар як кӯчаи Берлин  ҳамла кунанд. Дар акси нашршуда аз мулоқоти ӯ бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дида мешуд, ки ҳадди ақал як тухм ба тирезаи мошини Эмомалӣ Раҳмон расидааст.

Ин амали мухолифин мавҷи таъқиботи ба сари худ бесобиқаи наздиконашон дар Тоҷикистонро ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ аз боздошти наздики 50 нафар аз хешовандони иштирокчиёни эътирозҳои Берлин хабар доданд. Бархеи онҳоро барои чанд соат дастгир карда ва бархеашро чанд рӯз дар ҳабс нигоҳ доштанд. Мақомот баъди эътирозҳои Берлин ҳамчунин сими барқи манзилҳои хешовандони дастикам 4 тан аз фаъолони мухолифинро дар Восеъ, Фархор, Бохтар ва Ҳисор буриданд.

Аммо Билол Қурбоналиев нахустин нафар аз иштирокчиёни ҳамла бо тухм ба мошини Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мақомоти Олмон ӯро ба Тоҷикистон супурданд.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз сӯи соҳибкори тоҷик Умаралӣ Қувватов баъди аз дасташ гирифтани тиҷоратҳояш ва тарки Тоҷикистон карданаш таъсис ёфтааст. Ин ҳаракат дар тобистони соли 2014 дар шаҳрҳои Русия бо талаби истеъфои ҳукумати Тоҷикистон як силсила эътирозҳо барпо кард ва рӯзи 10 октябр ҳамаро ба як гирдиҳамоии саросарӣ дар маркази Душанбе даъват кард. Ба ин гирдиҳамоӣ касе наомад, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро манъ ва онро созмони ифротӣ эълон кард. Асосгузори “Гуруҳи 24” моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истанбули Туркия дар пайи ноком шудани кӯшиши заҳр доданаш дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд. Даҳҳо узви ин ҳаракати оппозитсионӣ дар солҳои охир дар Тоҷикистону кишварҳои СНГ дастгир шуданд. Боқимонда аъзои “Гуруҳи 24” дар Туркия ва кишварҳои Аврупо паноҳ бурдаанд ва аз ҳамин ҷо ба фаъолияти худ идома медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button