Хабарҳои кӯтоҳ

Марги модар ва ду духтараш аз дуди ангишт дар Душанбе

Се узви як оила, аз ҷумла як кӯдак дар шаҳри Душанбе бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.

Фоҷеа шаби 8- уми декабр дар маҳаллаи «Хуҷамбиёи поён»-и пойтахт рух додаааст.

Ҷасади зани сокини ин маҳалларо бо ду духтараш зуҳри имрӯз ба хок супурданд.

Ислом, раиси ин маҳалла дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ марги се нафар аз як оиларо тасдиқ кард, аммо тафсилот надод.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, модару духтарон ҳангоми хоб бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон бохтаанд.

Модар 42 сол дошта, духтаронаш яке 18 ва дигари 3 сол доштааст. Аз онҳо ном бурда нашудааст.

Ҳар сол бо фаро расидани ҳавои сард сокинони рустоҳои Тоҷикистон хонаҳои худро бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд. Дар баъзе маврид риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ бо ин гуна фоҷеаҳо меанҷомад.

Дар аввали соли равон ҳам дар ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон як зану шавҳари ҷавон бар асари дуди ангишт дар дохили ҳаммом ҷон додаанд. Дар як ҳодисаи дигар дар ҳамин вилоят моҳи январ падар бо писари панҷсолааш заҳролуд шуда, ба ҳалокат расиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button