Хабарҳои кӯтоҳ

СОКИНИ ПАНҶАКЕНТ МОШИНИ БОРКАШИ “МЕРСЕДЕС”-РО БАРҚАСДОНА ОТАШ ЗАДААСТ

Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки шаҳрвандон

180

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Ховалинг бо гумони қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк дастгир карда шудааст.

Гумонбаршаванда, 5-уми декабри соли 2023, тахминан соати 23:00, ҳангоми дар кӯчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе дар ҳолати мастӣ қарор доштанаш, бе ягон асос нисбати ҷавони 23-солаи сокини пойтахт дашномҳои қабеҳ гуфта, шишаи пеши автомашинаи шахсиаш тамғаи «Лексус»-ро шикастааст, ки бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 3 ҳазору 500 сомонӣ зарари молу мулкӣ расонидааст.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки шаби 29 ба 30-юми ноябри соли 2023, тахминан соати 01:50-дақиқа, марди 36-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо худ як адад зарфи ғунҷоишаш 5 литраи маводи сӯзишвории бензинро гирифта, ба назди автомашинаи боркашии тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба марди 33-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, омада, аз сабаби хусумати шахсиаш онро ба автомашина рехта, қасдан оташ задааст.
Дар натиҷа, гумонбаршаванда бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ зарари калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 255 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Қаллобӣ вобаста ба автомашинаи электромобил

179

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 4-уми июли соли 2023, дар кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе марди 32-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 124 ҳазору 900 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 30 шабонарӯз ба ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «Электромобил» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда медиҳад, аммо номбурда ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button