Хабарҳои кӯтоҳ

Боздошт ва ҳукми 27 нафар. «Таблиғи порнография» ё «ҳамҷинсгароӣ»?

Пайвандони як гурӯҳ шаҳрвандон, ки бо ҳукми додгоҳ барои «таблиғи порнография» дар Тоҷикистон аз 5 то 8 сол зиндонӣ шудаанд, барои бозбинии ҳукм ва раҳоии онҳо аз ҳуқуқдонҳо мадад хостаанд. Муроҷиати онҳо рӯзи дувуми декабр дастрас шуд.

Як вакили мудофеи маҳкумшудаҳо рӯзи 6-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, «шумораашон 27 нафар аст» ва «онҳо дар натиҷаи амалиёт дар моҳҳои апрел, май ва июн дар нуҳ минтақаи ҷумҳурӣ дастгир шуданд».

Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳукм дар охири моҳи июни имсол баромадааст. Шарҳи расмии он дастрас нест.

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба амалиёти боздошти 27 кас изҳори бехабарӣ карданд. Дафтари матбуоти ВКД рӯзи 6-уми декабр гуфт, «дар махзани хабарҳои вазорат чунин иттилоъ нест.»

Ин дар ҳолест, ки як манбаи огоҳ аз қазия ба Радиои Озодӣ гуфт, «ин афрод дар асл ба гумони ҳамҷинсгароӣ дастгир шуда, чун дар қонун дар ин бора банди махсус нест, бар асоси таблиғи порнография ҷазо гирифтаанд.»

Вакили дифое, ки Радиои Озодӣ бо ӯ ҳамсуҳбат шуд, ба далели амниятӣ ва ахлоқӣ номи волидон ва шахсони зери ҳимояашро фош накард. Аммо тасдиқ кард, ки «ин афрод дар як гурӯҳи пӯшидаи интернетӣ ба якдигар аксу видеои аъзои таносул ва маълумотро дар бораи худ фиристода, амали ҳамҷинсгароёна анҷом медодаанд.»

«Намояндагони мақомот дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, ки ба муносибати ҳамҷинсгароии онҳо кор надоранд, аммо намебоист аксу видеои аъзои баданро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташвиқ мекарданд. Бинобар ин, 27 нафарро бар асоси қисми сеи моддаи 241-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (паҳни маводи порнографӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ) гунаҳкор донистанд,» — илова кард ҳамсуҳбати мо.

Ба қавли ӯ, волидони маҳкумшудаҳо онҳоро бегуноҳ медонанд ва мунтазири бозбинии ҳукм ҳастанд.

Дар гузашта баъзе аз афроди “ҳамҷинсгаро” дар Тоҷикистон асосан ба гуноҳи паҳн кардани бемории норасоии масунияти бадан ё “ВИЧ/СПИД” дастгир шудаанд, вале боздошти гурӯҳии онҳо камсобиқа мебошад.

Омори дақиқи ҳамҷинсгароён дар Тоҷикистон маълум нест. Бунёди глобалии мубориза бо СПИД соли 2015 мардону занони ҳамҷинсгароро дар Тоҷикистон наздик ба 30 ҳазор шумурда буд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон соли 2017 феҳрасти беш аз 300 узви ҷомеаи ҳамҷинсгароҳоро тартиб дода гуфтанд, ки онҳо ба “гурӯҳи хатар” ё риск шомил ҳастанд. Баъд аз он ки феҳраст мавриди нигарониву маҳкумияти гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, мақомот гуфтанд, феҳрастро бо ҳадафи таъмини амнияти онҳо тартиб додаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button