ВарзишМинтақа ва ҶаҳонТандурусти

РАСМАН: КРИШТИАНУ РОНАЛДУ БА ДУШАНБЕ НАМЕОЯД

Бошгоҳи “Истиклол” (Душанбе) рӯзи 4 декабри соли 2023 дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ расман хабар дод, ки мутаассифона, ситораи шуҳратёри футболи муосир Криштиану Роналду ба Тоҷикистон намеояд.

 “Капитани дастаи “Ан-Наср”- Арабистони Саудӣ ва тими яккачини Португалия Криштиану  Роналду дар бозии даври шашуми мусобиқоти гуруҳии лигаи чемпионҳои АФК бо “Истиқлол” иштирок намекунад. Маъмурияти бошгоҳи “Ан-Наср” хабар дод, ки Криштиану баъди ҷароҳати дар бозӣ бо бошгоҳи эронии “Персеполис” бардоштааш худро ҳанӯз барқарор карда натавонистааст”, – гуфта мешавад дар хабари расмии бошгоҳи “Истиқлол”.

Бошгоҳи “Ан-Наср” низ дар саҳифааш дар Фейсбук аксҳои аъзои ин дастаро дар фурудгоҳ бо чунин зернавишти кӯтоҳ нашр кард: “Субҳ дар фурудгоҳ. Ба Тоҷикистон меравем”.

Дар байни бозигарони дастаи саудӣ дар фурудгоҳ ситораҳое, чун Садио Мане аз Сенегал, Секо Муҳаммад Фофана аз Кот ДИвуар (Соҳили Оҷ), Талиска аз Бразилия ва Отавио аз Португалия дида мешаванд, вале Роналду, мутаассифона, дар байни онҳо нест.

Ҳафтаи гузашта хабар омада буд, ки 80 узви бошгоҳи “Ан-Наср”, аз ҷумла Роналду визаи Тоҷикистонро гирифтаанд. Ин таваҷҷуҳро ба бозии даври шашуми чоргонаи “Е” Лигаи қаҳрамонҳои АФК байни “Истиқлол” ва “Ан-Наср”, ки шаби 5 декабр, соати 21:00 ба вақти Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ (собиқ варзишгоҳи ба номи Михаил Фрунзе) дар Душанбе доир мешавад,  хеле зиёд кард. Маъмурияти “Истиқлол” қаблан хабар дод, ки алакай то 1 декабр ба ин бозӣ беш аз 10 ҳазор чипта фурӯхтаанд. Ва он ҳам дар ҳоле ки нархи чиптаҳо 100 ва 300 сомонӣ ва нархи чиптаҳои ВИП ҳатто 3 ҳазор сомонӣ аст.

Албатта, бисёриҳо барои он ба  ин бозӣ чипта хариданд, ки бозии яке аз ситораҳои аз ҳама барҷас таи футболи ҷаҳониро ба чашм аз пеш бубинанд. Ҳоло бисёре аз ин мухлисон худро фиребхӯрда мешуморанд. “Аз аввал маълум буд, ки Роналду ба ин бозӣ, ки барои дастаи ӯ чизеро ҳал намекунад, намеояд. Вале мо то охирин лаҳза худро умедвор мекардем, ки шояд гираду биояд. Вале мутаассифона, ин умеди мо хок хӯрд…” – менависанд мухлисони ситораи португалӣ.

Аз аввал нигарониҳое вуҷуд дошт, ки “Ан-Наср” алакай роҳхат ба марҳалаи баъдии мусобиқотро дар ҷайб дорад ва роҳбарияти бошгоҳ шояд бо саломатии ситораи асосиаш дар бозие, ки барояш ягон чизро ҳал намекунад, шояд риск накунад.

Ва аммо ба иттилои манобеи гуногун, масъулони риштаи футболи Тоҷикистон то охирин лаҳза бо роҳҳои мухталиф талош доштанд, ки ба ҳар сурат, ба боздиди Роналду аз Душанбе ноил шаванд. Ба гуфтаи ин манобеъ, ба он ҷониб чанд пешниҳод дода шуда буд, аз ҷумла инки Роналду биояд ва то охири бозӣ дар хараки бозигарони эҳтиётии дастааш бишинад ваё барои хурсанд кардани мухлисони тоҷикаш барои ягон 10 ило 15 дақиқа ба майдон барояд.

Криштиану Роналду 38 сол дошта, дар баробари Лионел Месси яке аз барҷастатарин ситораҳои футболи асри 21 ба шумор меравад. Роналду дар вақташ дар чунин бошгоҳҳои шуҳратёри Аврупо, ба мисли “Манчестер Юнайтед”, “Реал” (Мадрид), “Ювентус” (Турин) бозӣ карда, то ҳол дар ҳайъати тими миллии Португалия ҳунарнамоӣ мекунад. Дар аввали соли 2023 Роналду ба тими “Ан-Наср” аз Арабистони Саудӣ гузашт. Ба инҷо омадани Роналду сабаби авҷи таваҷҷуҳи бемислу бесобиқае ба лигаи футболи Саудӣ шуд ва ба дунболи Роналду боз чанд ситораи дигари рақами яки футбол, ба мисли Карим Бензема, Неймар, Садио Мане, Нголо Канте аз бошгоҳҳои машҳури Аврупо низ ба тимҳои то ҳол дар арсаи байналмилалӣ камошнои Саудӣ гузаштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button