СиёсатХабарҳо

РАИСИ СОБИҚИ НОҲИЯИ РӮДАКӢ АЗИЗУЛЛО ИСМАТЗОДА ВАФОТ КАРД

Азизулло Исматзода, раиси собиқи ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 1 декабри соли 2023 дар синни 59 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора журналист  Шамсулло Фозилов аз қавли адиби тоҷик Маҷиди Салим, ки аз дӯстони марҳум буд, хабар дод.

Маҷид Салим гуфтааст, ки вақтҳои охир марҳум аз бемории фишори баланди хун азият мекашид.

Дар давраи авҷи коронавирус хабарҳое низ ба даст расида буд, ки Азизулло Исматзода, ки он вақт раиси ноҳияи Рӯдакӣ буд, низ гирифтори ин беморӣ шудаст.

Шамсулло Фозилов хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи марҳум пас аз намози ҷумъа, дар масҷиди Сариосиёи шаҳри Душанбе баргузор шуда, сипас турбати Азизулло Исматзодаро барои дафн ба зодгоҳаш, ноҳияи Данғара бурдаанд.

Азизулло Исматзода, ки дар гузашта роҳбарии Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, то моҳи январи соли 2023 раиси ноҳияи Рӯдакӣ буд.

11 январи соли ҷорӣ ӯ бо фармони президент “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифа озод карда шуд. Ба кадом “вазифаи дигар” гузаштани Исматзода номаълум монд, вале ба ҷои Абдуғаффор Ҳикматуллозода, ҷонишини додситони кулли Тоҷикистон раиси нави ноҳияи Рӯдакӣ таъйин шуд ва Эмомалӣ Раҳмон дар пеши ӯ вазифа гузошт, ки пеш аз ҳама масъалаи фурӯши ғайриқонунии қитъаҳои заминро дар ноҳия ҳал кунад.

Ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз се тараф пойтахт, шаҳри Душанберо печонидааст, вақтҳо охир ба як макони пурхаридор барои талабгорони бунёди манзил табдил ёфтааст.

Ҳамон вақт гуфта мешуд, ки сабаби баъди як муддати начандон зиёд аз мақоми раиси ноҳия сабукдӯш шудани Исматзода маҳз нафақат ҳал карда натавонистан, балки дар тақсимоти ғайриқонунии қитъаҳои замин даст доштани ӯ будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button