Минтақа ва Ҷаҳон

Дабири кулли СММ: Ҷаҳон набояд Ғаззаро фаромӯш кунад

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфт, дар рӯзҳои оташбаси муваққат дар Ғазза ба фаластиниҳои осебдида мадад мекунанд, вале «ин кофӣ нест».

Антонио Гутерреш рӯзи 29-уми ноябр дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал изҳор дошт, ки Ғазза бо буҳрони башарӣ рӯбарӯ аст ва «ҷаҳон набояд Ғаззаро фаромӯш кунад».

Вай афзуд, тамдиди оташбаси муваққат миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави «Ҳамос»-ро, ки Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд, қадрдонӣ мекунад, «аммо Ғазза ба оташбаси воқеӣ ниёз дорад».

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ низ вазъи башариро дар Ғазза мояи ташвиш хонда, гуфтааст, тақрибан 111 000 нафар ба бемориҳои гузаранда мубтало ҳастанд. Беш аз нисфи онҳо камтар аз 5 сол доранд.

Болоравии нархи маҳсулот дар Ғазза мушкили ҷиддии дигар будааст. Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, қимати як халта орди 25-килоӣ, ки пештар 3 доллар буд, ҳоло ба 68 доллар расидааст.

Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Созмони Милал, ки зери раёсати Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, баргузор шуд, намояндагони як қатор кишварҳои арабӣ ширкат карданд.

Риёз Моликӣ, вазири умури хориҷии Фаластин, гуфт, бояд қатъи ҷанг дар Ғазза ба оташбаси доимӣ табдил шавад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо наметавонанд иҷоза диҳанд, ки «куштори мардум аз сар гирифта шавад».

Ба гузориши хабаргузории «Рейтерз», Гилод Эрдан, сафири Исроил дар Созмони Милал, кишварҳои арабиро ба пуштибонӣ аз гурӯҳи «Ҳамос» муттаҳам кард ва ин созмони тундравро ба қасди нобудии Исроил муттаҳам намуд.

Эрдан афзуд, «Ҳамос» як созмони террористӣ аст ва «як ҷониби эътимодбахши сулҳ нест».

Аз сӯйи дигар, вазири корҳои хориҷии Амрико барои сафар ба Ховари Миёна омода мешавад. Ин сафари севуми ӯ ба минтақа аз оғози ҷанги «Ҳамос»-у Исроил аст.

Блинкен дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии НАТО дар Брюссел рӯзи 29-уми ноябр ба хабарнигорон гуфт, ба тамдиди оташбас ва табодули гаравгонҳои исроилӣ ва зиндониёни фаластинӣ дар чанд рӯзи оянда тамаркуз хоҳанд кард.

Ӯ афзуд, Иёлоти Муттаҳида бар ин назар аст, ки агар Исроил ба ҳадафи эълонкардааш – маҳви «Ҳамос» комёб гардад, баҳс дар бораи идораи Ғазза дар оянда низ лозим аст.

Ба гузориши хабаргузории «Ассошиэйтед Пресс», Исроил ва кишварҳои арабӣ ба баҳси идораи ояндаи Ғазза таваҷҷуҳ надоранд ва. Манбаъ нигоштааст, дар ҳоле ки кишварҳои арабӣ исрор доранд, ҷанг фавран хотима ёбад, Исроил ба ҷанг пофишорӣ мекунад.

Дар ҳамлаи рӯзи 7-уми октябр ба Исроил гурӯҳи тундрави «Ҳамос» 1200 нафарро кушт ва 240 нафар, аз ҷумла занону кӯдаконро ба Ғазза гаравгон гирифт.

Дар посух Исроил ба навори Ғазза ҳамлаи ҳавоӣ ва заминӣ анҷом дод. Ба иттилои Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери назорати «Ҳамос» аст, беш аз 14 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button