ТОҶИКИСТОНҶомеа

ҶОРӢ ШУДАНИ ҶАЗОҲОИ ШАДИДТАР БАЪДИ РАБУДАНИ МУОВИНИ РАИСИ “ОРИЁНБОНК”

Баъди ҳодисаи пурсарусадои рабудан ва қатли муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев, ҷарима барои истифодаи рақамҳои бегонаи мошинро се маротиба боло бурда, барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ ҳаҷми ҷаримаро 5 маротиба боло бурда,  барои чунин амал ҳукми зиндон низ ҷорӣ кардаанд.

Хабаргузории русии ТАСС рӯзи 29 ноябри соли 2023 хабар дод, ки матни тағйироти воридшуда ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон дар пойгоҳи расмии маълумоти ҳуқуқии вазорати адлияи Тоҷикистон  нашр шудааст.

Аз ҷумла бар асоси тағйироти ҷадид ба моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон, акнун барои истифода аз рақамҳои бегона ё ба нафари дигар додани рақами мошин ҷарима ба маблағи аз 30 то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо маҳрум кардан аз ҳаққи ронандагӣ ба муҳлати то як сол пешбинӣ шудааст.  То поёни соли ҷорӣ ин ҷаримаҳо аз 2040 то 3400 сомонӣ, яъне аз наздики 200 доллар то беш аз 300 долларро ташкил хоҳанд дод. То ҳол ҷарима барои истифодаи рақамҳои бегона аз 680 то 1020 сомонӣ, яъне аз тақрибан 60 доллар то наздики 100 долларро ташкил медод ва муҳлати маҳрум кардан аз ҳаққи ронандагӣ то шаш моҳ буд.

Акнун истифодаи рақамҳои қалбакиро аз ин моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Тоҷикистон бароварда, ба моддаи 212, иловаи якуми Кодекси ҷиноятӣ ҳамроҳ кардаанд.  Ин банди қонун барои сохтан, нишоҳ доштан, истифодаа ваё ба каси дигар додани рақамҳои қалбакии воситаҳои нақлиёт ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 500 то 1000 нишондиҳанда, яъне азх 34 ҳазор то 680 ҳазор, ё ҳудудан аз 3 то 6 ҳазор доллар ваё то 2 сол ҳукми зиндон пешбинӣ шудааст. Гуфтанист, ки аз якуми январи соли 2024 ҳаҷми ҷаримаҳо аз ин ҳам болотар меравад, чунки ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо 5,88% афзуда, аз 68 ба 72 сомонӣ расонда мешавад.

Дар моддаи 212, иловаи 1 ҳамчунин ҷавобгарии ҷиноятӣ барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ ҳангоми содир кардани ягон ҷиноят ваё барои пӯшондани он низ  ҳамроҳ карда шудааст. Барои чунин амал метавонанд аз ин ба баъд аз 3 то 5 сол ҳукми зиндон бидиҳанд.

Талаби шадидтар кардани ҷазо барои истифодаи рақамҳои бегона ва қалбакиро моҳи июли соли 2023 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пайи дар моҳи июни соли ҷорӣ рабудан ва куштани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев дар миён гузошт. Эмомалӣ Раҳмон он вақт сардори раёсати БДА ва муовинонашро барканор карда, талаб кард, то тамоми кормандони БДА аз аттестатсия гузаронда шаванд.

Манобеи огоҳ мегуфтанд, сабаби чунин хашми президент аз фаъолияти ГАИ ин шудааст, ки тавре сабтҳои видеокамераҳои назоратӣ нишон додааст, рабояндагон Исматуллоев дар дохили мошинашон аз чандин посгоҳи БДА оромона гузашта рафтаанд ва кормандони он посгоҳҳо он қадар банди пулканӣ аз мошинҳои роҳгузар будаанд, ки ба мошини ҷинояткорон ё рақамҳои қалбакии он ва ҳамин тавр, ба ин ки дар дохили ин мошин киро мебаранд?,  ягон аҳамият надодаанд.

Дар пайи он танқидҳои президент, маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки барои таҳияи тағйирот ба қонунгузорӣ  ба хотири сахттар кардани ҷазо барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ ва бегона як гуруҳи корӣ ташкил шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button