Иқтисод

Теъдоди воридкунандаҳои интернет ба Тоҷикистон ба 3 расид: кадомҳо?

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба инҳисори вуруди интернет ба ҷумҳурӣ поин дода, боз ба ду ширкати дохилӣ иҷозаи ворид намудани интернетро ироа намуд

 Ширкатҳои “ТТ Мобайл (Мегафон)” ва “Индиго Тоҷикистон» (Тcell) иҷозатномаи ворид намудани каналҳои байналмилалии баландсуръати дастрасӣ ба шабакаи глобалии Интернетро низ хоҳанд дошт.

Иттилоъ дар ин бораро маркази матбуотии Хадамоти алоқа дар ихтиёри Тоҷикистон қарор дод.

“Иҷозатнома дар як маросими хос аз сӯи сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Бег Сабур, ба масъулини ширкатҳо супурда шуд”, — гуфт манбаъ.

Бино ба ин манбаъ, ширкатҳо рӯзҳои наздик ба ворид намудани интернети баландсуръат шуруъ хоҳанд кард.

“Ин иқдом коҳиши арзишу баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистонро низ фароҳам ва ба ташкили фазои рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҷалби сармояҳои хусусӣ ба сектори телекоммуникатсияи кишвар мусоидат хоҳад кард”, — гуфт манбаъ.

Қаблан танҳо як ширкати “Тоҷиктелеком” иҷозаи ворид намудани интернет ба Тоҷикистонро дошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button