Варзиш

ПАҲЛАВОНҲОИ ТОҶИК ДАР ДУ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ДЗЮДО 8 МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

Паҳлавонони тоҷик дар чемпионатҳои Осиё оид ба гуштини дзюдо (ҷудо) миёни  наврасон ва ҷавонон, ки якумӣ рӯзҳои 16-17-уми ноябри соли 2023 ва дуюмӣ рӯзҳои 18-19-уми ноябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, 8 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Тоҷикистонро дар чемпионати наврасон миёни писарон 10 паҳлавон  ва миёни духтарон як нафар намояндагӣ карданд. Аз ин шумор се нафараш Лоиқ Қутбиддинов ( -55 кг), Ёсин Бобокалонов (-60 кг) ва Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг) мақоми аввалро гирифта, соҳиби медали тило гаштанд.

Дар ҳисоби умумӣ дар байни дастаҳо, дар ин мусобиқот дастаи яккачини Тоҷикистон бо се медали тилло баъди мизбонони ин чемпионат, дастаи Ӯзбекистон, ки 9 медал (3 тилло, 5 нуқра ва 1 биринҷӣ) ба даст овард, дар мақоми дувум қарор гирифт.

Дар чемпионати Осиё байни ҷавонон дар Тошканд беш аз 170 варзишгар аз 15 кишвар иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 12 нафар: 9 писар ва 3 духтар намояндагӣ карданд.

Ба паҳлавонҳои ҷавони тоҷик муяссар шуд, ки 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) ба даст биоранд.

Аз ҷумла  Абубакр Шеров (-73 кг) байни писарон ва Аҳлия Муъминова (-52 кг) миёни духтарон мақоми дувумро ба даст оварда, соҳиби медалҳои нуқра шуданд. Суннатулло Мусоев (-73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81 кг) ва Умедҷон Раҷабов (-90 кг) дар рақобатҳо миёни писарон бо касби мақоми сеюм медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Лозим ба гуфтан аст, ки Муҳаммадҷон Абдуҷалилов барои мақоми сеюм бо паҳлавони дигари тоҷик Суннатулло Лоиқов рақобат кард.

Дар ҳисоби умумӣ байни дастаҳо, дастаи яккачини Тоҷикистон бо 5 медал  ҷои панҷумро гирифт.

2 нуқра ва 1 биринҷии ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми  Чемпионати Осиё оид ба ҷудо  миёни ҷавонон дар Тошканд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button