Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР ДУШАНБЕ ЯК НОБОЛИҒ БО МОШИНИ ПАДАРАШ БА МАКТАБ ОМАДААСТ

Санаи 17-уми ноябри соли 2023 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёти тамғаи «Тойота» инъикос ёфта буд. Ин видео боиси вокунишҳои манфии шаҳрвандон гардида, аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, ки вобаста ба ҳолати мазкур чораи дахлдори қонунӣ андешида шавад.
Маркази матбуоти РВКД Душанбе алакай баъди чанд соати нашри видео хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт, дар натиҷаи гузаронидани санҷиш муайян карда шуд, ки рақамҳои қайди давлатии воситаи нақлиёти мазкур 40 00 UC 01 буда, таҳти идораи ноболиғ Зайниддини Ҷ. истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ қарор доштааст.
“Номбурда санаи 17-уми ноябр аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии волидайни худ истифода бурда, бе пурсиш воситаи нақлиёти падарашро гирифта, дар назди муассисаи таълимии Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе бо суръати баланд идора намуда, ҷони худ ва дигар атрофиёнро зери хатар гузоштааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Душанбе.
  Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба волидайни Зайниддини Ҷ. барои бемасъулиятиву хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд.

Милитсия гуфт, ҳамзамон ҷиҳати минбаъд такрор наёфтани чунин ҳолат, бо волидайни ин наврас корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, онҳо ба таври қатъӣ огоҳонида шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button