Иқтисод

БА ТОҶИКИСТОН ДАР СЕ СОЛИ ОХИР БЕШ АЗ 1600 ЭЛЕКТРОМОБИЛ ВОРИД КАРДААНД

Хабаргузории давлатии “Ховар” рӯзи 19 ноябри соли 2023 дар як гузориши муфассал хабар дод, ки аз аввали соли 2021 ба ин сӯ ба Тоҷикистон беш аз 1600 мошини барқӣ (электромобил) ворид карда шудааст. Муаллифи гузориш Рухсораи Нур бо такя ба омори расмии Хадамоти гумрук менависад, агар соли 2021 ба Тоҷикистон ҳамагӣ 47 электромобил ворид шуда бошад, ин рақам дар соли 2022 ба 767 адад расид, ки назар ба як соли қабл 720 адад, ё 15 маротиба зиёд аст.

Муаллиф менависад, воридоти электромобилҳо ба кишвар дар пайи пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ироаи имтиёзҳо ба воридкунандагони мошинҳои барқӣ вусъат ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониаш бо зикри инки “бо мақсади мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии ҷумҳурӣ воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳоро бояд аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод намуд”, аз ҳукумат хост, ки “ҷиҳати тадриҷан фароҳам овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбирҳо андешад”.

Дар пайи ин пешниҳод, ба Кодекси андоз тағйироте ворид карда шуд, ки бар асоси он, воридоти электромобилҳо ба муддати 10 сол аз боҷи гумрукӣ, ҳамчунин аз андоз, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шуд.

Чанд ронандаи электромобил дар пойтахт ба “Ховар” бархе бартариҳои ин навъи нақлиётро баршумурдаанд: “Ин нақлиёт овози баланду бӯи ғализи сӯзишворӣ надошта, ба муҳити зист зарар намерасонад. Аз ҳама асосиаш камхарҷ мебошад. Масалан, як намуди электромобиле ҳаст, ки бар ивази 50 сомонӣ батареяи онро пур карда, то 350-400 км роҳро тай кардан имкон дорад”.

Ин ронандагон дар айни замон нархи мошинҳои барқиро хеле гарон хонда, изҳори умед кардаанд, ки бо афзоиши шумори чунин мошинҳо дар бозори Тоҷикистон нархи он поён меравад.

Дар гузориши ёдоварӣ шудааст, ки моҳи август дар ҷараёни сафари раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Хитой, дар Пекин байни ширкати тоҷикии “Авесто Груп” ва ширкати хитоии “Ҷинчуен” ёддошти тафоҳуме ба имзо расид, ки бар асоси он, бояд бо харҷи 125 миллион доллар дар Тоҷикистон як корхонаи истеҳсоли электромобилҳо бунёд шавад, ки солона дар он метавонанд то 1500 мошини барқиро ҷамъу баст кунанд.

Бино ба ҳисобҳо, манбаи чоряки тамоми партовҳои газҳои гулхонаӣ воситаҳои нақлиёт аст ва дабири кулли Созмони Милал моҳи декабри соли 2018 дар анҷумани тағйири иқлим дар Катовитса  аз ҷомиаи ҷаҳонӣ хоста буд, то ҳарчӣ сареътар ба истифодаи мошинҳои барқӣ гузаранд.  Дар Тоҷикистон ба ин манзур “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027” қабул шудаст.

This image has an empty alt attribute; its file name is электромобил-Тчк3.jpg

“Ховар” менависад, шаҳрдории Душанбе дар чаҳорчӯби барномаи «Шаҳри сабз» ду –се соли охир 104 адад троллейбуси бесим (15 километр), якчанд автобуси барқӣ ва як троллейбуси барқии бидуни тамос (40 километр) харидорӣ кард. Ҳамчунин мудири иҷроияи ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия- ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» Асрор Мирзоев гуфтааст, ки  ин корхона соли 2021 электробус ва электротроллейбуси замонавии озмоишии навро бо тарҳи замонавӣ истеҳсол кард, ки муҳаррики он пурра бо неруи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр бо неруи барқ ҳаракат менамояд.

“Мо соли 2021 электробус ва электротроллейбуси истеҳсолкардаро дар хатсайри 1 ва 3-и шаҳри Душанбе ба таври пилотӣ озмоиш намудем, то мутобиқ будани онҳоро ба иқлими ҷумҳурӣ бифаҳмем ва ҳамзамон ронандаҳо ба ин навъи нақлиёт шинос шуданд”,– гуфтааст Мирзоев.

Натиҷаҳои озмоиш нишон додааст, ки ин мошинҳо барои 100 километр роҳ дар хатсайри шаҳрӣ аз ноқилқуттӣ (аккумулятор) 176 киловатт-соат нирӯи барқ  масраф кардаанд, ки маблағи хароҷоти он ба 74 сомониву 10 дирам баробар мебошад. Ин дар ҳолест, ки хароҷоти автобусҳои “Акиа Авесто”, ки бо сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд, дар 100 километр роҳ 45 литр сӯзишвориро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби миёна арзиши он 450 сомониро ташкил медиҳад. Яъне тақрибан 6 баробар бештар аз электробус.

Аммо “Ховар”дар гузоришаш як мушкили дигари марбут ба истифодаи мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистонро зикр накардааст. Ба гуфтаи ронандагон, дар ҳоли ҳозир, электромобилҳо ба ҷуз аз Душанбе ва манотиқи наздики атрофи он дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон қобили истифода нестанд, зеро зербинои он, аз ҷумла нуқтаҳои пур кардани нирӯи барқ барои чунин васоили нақлиёт дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ вуҷуд надорад.

АФЗОИШИ ЭЛЕКТРОМОБИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Имтиёз ва сабукиҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумат ба соҳа ба он мусоидат намуд

ДУШАНБЕ, 19.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Тавре ба мушоҳида мерасад, имрӯзҳо дар пойтахт мамлакат – шаҳри Душанбе теъдоди электроавтомобилҳое, ки ба мусофиркашонӣ машғуланд, босуръат меафзояд. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар соли 2021 ба мамлакат ҳамагӣ 47 адад электромобил ворид гардида бошад, ин шумора дар соли 2022 ба 767 адад расид, ки 720 адад зиёд аст. Дар маҷмўъ, аз оғози соли 2021 то имрӯз ба ҷумҳурӣ беш аз 1600 нақлиёти барқӣ ворид карда шудааст. Тафсилоти бештари ин мавзуъ дар шарҳи АМИТ «Ховар» манзур мегардад.

Тавре Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Бо мақсади мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди вазъи экологии ҷумҳурӣ воридоти воситаҳои нақлиёти барқӣ, яъне электромобилҳо, электробусҳо, троллейбусҳо ва монанди онҳоро бояд аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод намуд. Аз ин лиҳоз, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки ҷиҳати тадриҷан фароҳам овардани инфрасохтор ва дигар шароити зарурӣ барои истифодаи чунин воситаҳои нақлиёт дар қаламрави ҷумҳурӣ тадбирҳо андешад».

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз имкон медиҳанд, ки воридоти электромобилҳо ба муддати 10 сол аз боҷи гумрукӣ, ҳамчунин аз андоз, андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда шуда, ба зиёд гардидани теъдоди ин намуди нақлиёт мусоидат намояд. Табиист, ки афзудани шумораи электромобилҳо дар мамлакат ба поён рафтани нархи ин мошинҳо оварда мерасонад.

Як зумра ронандагони электромобил дар пойтахт зимни суҳбат иброз доштанд, ки «истифодаи ин намуди нақлиёт аз чанд ҷиҳат бартарӣ дорад. Аввал ин ки ин мошинҳо тарҳу намуди зебо дошта, дохили он кушоду барҳаво аст ва курсиҳои мулоиму бароҳат доранд. Ин нақлиёт овози баланду бӯи ғализи сӯзишворӣ надошта, ба муҳити зист зарар намерасонад. Аз ҳама асосиаш камхарҷ мебошад. Масалан, як намуди электромобиле ҳаст, ки бар ивази 50 сомонӣ батареяи онро пур карда, то 350-400 км роҳро тай кардан имкон дорад».

«Айни замон нархи электромобилҳо вобаста ба намуд ва тавоноиашон каме гарон аст. Бо вуҷуди ин дар мавриди истифодаи дурусти нақлиёт метавон дар андак фурсат хароҷоти онро рӯйпӯш кард. Бовар дорем, ки дар ояндаи наздик нархҳои ин намуди нақлиёт поён меравад, зеро воридоти он хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Маъмулан чизе, ки зиёд шуд, ба поёнравии нарх мусоидат менамояд», – мегӯянд ронандаҳо.

Ёдовар мешавем, ки зимни сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки 20 августи соли равон баргузор гардид, маросими баимзорасонии санадҳои ҳамкории бахши хусусии Чин ва Тоҷикистон доир шуд. Аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Джинчуен»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ташкил, бунёд ва идоракунии корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли электромобилҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори истеҳсоли 1500 автомошина дар як сол, ба маблағи 25 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Итминон дорем, ки баъди сохтмони корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба истеҳсоли электромобилҳо масъалаи гаронии нархи электромобилҳо, дастрасии қисмҳои эҳтиётии он дар мамлакат ҳалли худро пайдо намуда, истифодаи ин намуд нақлиёт, ки ба тозагии муҳит зист созгор аст, боз ҳам меафзояд.

Бояд гуфт, ки нақлиёти автомобилӣ чаҳоряки тамоми партовҳои газҳои гулхонаиро ташкил дода, ба ҳавои атмосфера ва тағйирёбии иқлим таъсир мегузорад. Дар робита ба ин Дабири кулли СММ Антониу Гуттериш дар Конфронси иқлим дар Катовитсе (моҳи декабри соли 2018) ҷомеаи ҷаҳонро даъват намуд, ки ба истифодаи нақлиёти барқӣ гузаранд.

Тоҷикистон ҳамчун мамлакати ташаббускори масоили обу иқлим ва узви фаъоли СММ яке аз ҳадафҳои таҳияи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027»-ро маҳз дар гузариш ба нақлиёти барқӣ ва саҳм гузоштан дар пешгирии тағйирёбии иқлим арзёбӣ менамояд.

Барномаи мазкур, ки аз 9 боб иборат аст, дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2021) баён гардида, таҳия шудааст.

Мавриди тазаккур аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби барномаи «Шаҳри сабз» ду –се соли охир 104 адад троллейбуси бесим (15 километр), якчанд автобуси барқӣ ва як троллейбуси барқии бидуни тамос (40 километр) харидорӣ кард, ки онҳо дар аввал дар реҷаи санҷишӣ кор намуданд. Директори иҷроияи ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия- ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» Асрор Мирзоев гуфт, ки корхона соли 2021 электробус ва электротроллейбуси замонавии озмоишии навро бо тарҳи замонавӣ истеҳсол кард, ки муҳаррики он пурра бо неруи барқ фаъолият карда, то масофаи 200 километр бо неруи барқ ҳаракат менамояд.

«Мо соли 2021 электробус ва электротроллейбуси истеҳсолкардаро дар хатсайри 1 ва 3-и шаҳри Душанбе ба таври пилотӣ озмоиш намудем, то мутобиқ будани онҳоро ба иқлими ҷумҳурӣ бифаҳмем ва ҳамзамон ронандаҳо ба ин навъи нақлиёт шинос шуданд»,-илова кард ў.

Номбурда шарҳ дод, ки «натиҷаи озмоиши нақлиёти мазкур маълум намуд, ки ҳангоми тай намудани 100 километр роҳ дар хатсайри шаҳрӣ ба миқдори 176 киловатт-соат энергияи барқӣ аз ноқилқуттӣ (аккумулятор) масраф гардид, ки маблағи хароҷоти он ба 74 сомониву 10 дирам баробар мебошад. Ҳамзамон хароҷоти автобусҳои Акиа Авесто, ки тариқи сӯзишвории дизелӣ ҳаракат мекунанд, дар 100 километр роҳ 45 литр сӯзишвориро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби миёна арзиши он 450 сомониро дар бар мегирад. Яъне тибқи таҳлилҳо, хароҷи автобус аз электробус қариб 10 маротиба зиёдтар мебошад».

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон яке аз давлатҳои ИДМ аст, ки неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон тавлид менамояд. Дар робита ба ин, истифодаи электромобилҳо дар мамлакат аз ҳар ҷиҳат ба мақсад мувофиқ ва самараноктар аст. Истифодаи электромобилҳо на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар аст, балки аз ҷиҳати экологӣ низ тоза буда, вобастагии ҷумҳуриро аз бархе молҳои воридотӣ коҳиш медиҳад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button