ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҚАМАР АЗИЗОВ ДАСТ ДОШТАНАШ ДАР РАБУДАНИ ШУҲРАТ ИСМАТУЛЛОЕВРО РАД КАРДА, БАЁНОТИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК”-РО ТУҲМАТ НОМИДААСТ

Як манбаи наздик ба Қамар Азизов, ки ба даст доштан дар рабудани муовини аввали раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев айбдор мешавад, ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар дод,ки “Қамариддин ҳангоми рӯбарӯ кардани ӯ бо “Дилшоди Красавчик”, муттаҳами асосӣ дар ин парвандаи пурсарусадо, даст доштанаш дар ин ҷиноятро рад карда, гуфтааст, “Дилшоди Красавчик” ба ӯ туҳмат зада истодааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Қамар Азизов ҳангоми рӯбарӯкунӣ аз “Дилшоди Красавчик” талаб кардааст, ки “мард бошӣ, ба рӯям нигоҳ карда, гап зан!”. Вале “Дилшоди Красавчик”, ба гуфтаи ин манбаъ, “сарашро хам карда, баёноти қаблиашро такрор кардааст, ки гӯё рабудани Исматуллоевро ба онҳо Қамар Азизов фармуда буд ва барои ин 50 ҳазор доллар пешпардохт ҳам кард”.

Манбаи “Бомдод” мегӯяд, Қамар Азизов ҳангоми рӯбарӯкунӣ хитоб ба “Дилшоди Красавчик” гуфтааст, ки “вақте шунидам, ки туро қапида, ба Душанбе оварданд, ман ҳатто хурсанд шудам, ки акнун ҳақиқатро мегӯӣ ва номи ман сафед мешавад. Вале афсӯс, ки маро туҳмат карда истодаӣ”. Ин манбаи наздик ба Қамар Азизов муътақид аст, ки мақсад аз кашонидани пойи ӯ ба ин парванда тасарруфи молу мулки фаровонаш аст ва гӯё “Дилшоди Красавчик” дар ивази ваъдаи аз маҳбас раҳо кардани модараш Соҷида Саидмуродова ба чунин муомила розӣ шуда, Қамар Азизовро туҳмат карда истодааст.

Тасдиқи дурустии ин иддао тавассути манобеи дигар имкон надорад. Мақомот то кунун бо гузашти қариб ним сол ҳатто боздошти Қамар Азизов ва чӣ мақом доштани ӯ дар парвандаи рабудан ва қатли Исматуллоевро расман ягон шарҳ надодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button