ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Мақомот: Тоҷикистон ба шабакаҳои мухобиротии Чин мустақиман пайваст мешавад

Мақомот дар Тоҷикистон хабар доданд, ки дар наздиктарин фурсат шабакаҳои мухобиротии Тоҷикистон бо “шабакаҳои телекоммуникатсионии Ҷумҳурии Мардумии Чин” пайваст мешаванд.

Хабаргузории расмии «Ховар» бо такя ба Хадамоти алоқаи Тоҷикистон мегӯяд, ин тасмим барои соҳаи алоқаи Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дорад. Дар хабаре, ки 17-уми ноябр нашр шуд, омадааст, ки чунин тасмим дар доираи Лоиҳаи сохтмони шабакаи нақлиётии магистралии баландсуръат дар самти «Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Рӯшон-Хоруғ-Қулма» амалӣ мегардад. Мақомот мегӯянд, баъди ин хатҳои алоқаи нахию нурии баландсуръати байналмилалии иловагӣ барои пайваст шудан бо шабакаҳои глобалии Интернет ташкил мешавад ва “ҷумҳуриро аз бунбасти коммуникатсионӣ” берун меорад.

Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое бо заъифтарин суръат ва хадамоти интернетӣ дохил мешавад ва яке аз сабабҳояшро мунаққидон ба дасти Хадамоти алоқа додани ин соҳаи замоне сердаромад ва пешрафтаву пуррақобат дар Тоҷикистон мегӯянд. Раҳбарии Хадамоти алоқаро, ки монополияи харид ва тақсими интернетро дорад, қудои президент Бег Сабур ба даст гирифтааст.

Ба иттилои Бонки ҷаҳонӣ, соли 2017 танҳо 22 дарсади сокинони Тоҷикистон аз интернет истифода кардаанд, чун нархи ин хадамот барои фақиртарин ҷумҳурӣ дар паҳнои СССР-и собиқ хеле баланд таъин шудааст. Ҳама гуна фаъолияти интернетӣ дар кишвар шадидан назорат мешавад ва, тавре Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯянд, аксар вебсайтҳои хабарию мунаққиди ҳукумат дар қаламрави кишвар масдуд шудаанд.

Чин, ки шарики муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва қарздиҳандаи асосии ин кишвар мебошад, ҳамчунин барои сензураи шадиди вебсайтҳои танқидӣ, расонаҳои хабарии ғарбӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ танқид мешавад.

Тоҷикистонро барои ҳамкории то рафт наздиктар ва фарогираш бо Чин чун хатари аз даст додани истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ танқид мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button