МУҲОҶИРОНХабарҳо

Шаҳрвандони тоҷик ба ватан баргардонида мешаванд

Бо мусоидати Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират 26 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз моҳи апрели соли ҷорӣ то инҷониб дар Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии РВКД вилояти Владимир қарор доштанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Бино ба иттилои Намояндагӣ, дар ин самт санаи 26-уми сентябри соли 2023 вохӯрӣ бо роҳбари Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии РВКД вилояти Владимир, подполковники политсия Новиков Михаил Василевич ва судиҷрочии Хадамоти федералии приставҳои судии вилояти Владимир Шестопалова Елена Эдуардовна баргузор гардидааст.

— Бояд қайд кард, ки санаи 20.03.2023 нисбати саҳомони ширкати СИ “Саломонов О” парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми муҳоҷирати ғайриқонунӣ, омода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва напардохтани андоз оғоз гардида буд. Ширкати мазкур, ки дар он то 2000 коргарони маҳаллӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ ба корҳои чорводорӣ, сохтмон, гармхона, моҳипарварӣ, мурғпарварӣ, ҳасиббарорӣ ва ғайра машғул буданд, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳандаи фаъолияти муҳоҷирон ва қайди муҳоҷиратиро қалбакӣ намудааст. Вобаста ба ин, шаҳрвандони хориҷие, ки дар корхонаҳои ширкати мазкур фаъолият мекарданд, аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ҳамчун “шоҳид” дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта мешуданд. Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, бо мусоидати Намояндагӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷиратии РВКД вилояти Владимир, Маркази нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии РВКД вилояти Владимир ва Хадамоти федералии приставҳои судии вилояти Владимир муҳлати интиқоли муҳоҷирони тоҷик ба ватан тезонида шуда, қисми аввали онҳо иборат аз 9 нафар санаи 26.09.2023 ва қисмати дуюм иборат аз 17 нафар санаи 28.09.2023 ба ватан интиқол дода мешаванд,- меафзояд манбаъ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button