Хабарҳо

«Гӯшу бинии занашро буридааст, ба ақл рост намеояд.

Як мард дар Қирғизистон, дар ҳузури писари 10-солааш гӯшу бинии ҳамсари собиқашро буридааст. Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, ҳодиса 20-уми сентябр дар ноҳияи Сокулуки вилояти Чуй, дар наздикии Бишкек рух додааст. Гуфта мешавад ин кор дар пайи рашки зиёди мард анҷом шудааст.

Наздиконаш мегӯянд, Асели 36-сола борҳо аз сӯи шавҳараш лату кӯб мешуд ва барои ҳамин панҷ сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуд.

Диана, амакдухтари Асел дар суҳбат ба телевизиони “Настошее время” гуфт, ҳодисае, ки бо хешованди ӯ рух дод, “ба ақл рост намеояд. Гӯшу бинияшро буридааст. Инро чӣ гуна метавон қабул кард? “

Наздикони Асел то ҳанӯз ба хабарҳое, ки дар интернет аз шиканҷа шуданаш мехонанд, боварашон намеояд. Пизишкон мегӯянд, шавҳари собиқ занро аз ду узви муҳими бадан, гӯш ва бинӣ маҳрум кардааст.

“На мо ва на духтурон пешгӯӣ карда наметавонем, ки ин узвҳои муҳими бадан баъди ҷарроҳӣ дуруст мешаванд ё не. Барои ин ду ва ё се ҳафта лозим мешавад. Бароямон гуфтанд, ки вазъаш вазнини муътадил мемонад,»-гуфт Диана, амакдухтари зани ҷабрдида.

Ҷарроҳӣ барои наҷоти Асел 8 соат идома кард. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, зан ба шарофати як ҳамсояаш зинда монд. Вай доду фарёдро шунида, ба пулис занг задааст. Хешовандон мегӯянд, гардани Асел бо корд бурида шуда, хушбахтона, рагҳои асосияш осеб надидаанд.

Наздикони ин зани 36-солаи қирғиз мутмаинанд, ки аз фоҷиа пешгирӣ кардан имкон дошт. Зеро зӯроварӣ дар оила хеле барвақт оғоз ёфта буд. Ба ин далел Асел панҷ сол пеш аз шавҳараш ҷудо шуд. Аммо мард тамоми ин солҳо ӯро таъқиб намуда, мезадааст ва таҷовуз мекардааст.

Диана, амакдухтари Асел мегӯяд, “ҳодиса пайваста такрор мешуд. Хоҳарамро мезад, ӯ ба милисаи маҳаллӣ муроҷиат мекард, ариза менавишт, шавҳарашро бурда се рӯз маҳкам мекарданд. Аммо расо баъди 15 дақиқа аз раҳо шуданаш аллакай дар назди хонааш пайдо мешуд. Мегуфтанд, ки то накушад, мо парванда боз намекунем.”

Дафъаи охир кор то ба додгоҳ рафт. Ба шавҳари собиқи Асел 5 сол зиндон таъйин шуд, аммо додгоҳ ӯро шартан се сол аз озодӣ маҳрум кард. Акнун қонунӣ будани қарорро Додгоҳи олӣ арзёбӣ хоҳад кард. Баъди расонаӣ шудани ин фоҷеа вазири корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, ки қазияро зери назароти худаш мегирад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи наздикон, ҳоло онҳо бештар на ба адолат, балки ба саломатии Асел таваҷҷӯҳ доранд. Хешовандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаеро боз карда, тавассути он барои табобати минбаъдаи Асел маблағ ҷамъ меоранд. Дар аксҳои зиёд вай ҳанӯз солим аст ва табассум мекунад. Наздикон мегӯянд, дидаву дониста чеҳраи ӯро на қабл аз захмҳо ва на баъд аз ҷароҳат бардоштанаш пинҳон намекунанд. Хонаводаи ӯ бар ин назаранд, ки Асел бояд рамзи қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Қирғизистон гардад.

Ин ҳодисаи вокуниши баъзе созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсонро ба миён овард. Аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар (HRW) аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки «масъалаи хушунати хонаводагиро ба дараҷаи дувум нагузоранд». Созмон ҳамчунин гуфт, ин масъала буҳронӣ шудааст.

Тибқи як шохиси байнулмилалӣ, дар соли 2021 Қирғизистон аз хатарноктарин кишварҳо барои занон дар Осиёи Марказӣ эътироф шудааст. Зиёда аз нисфи парвандаҳои зӯроварӣ нисбат ба занон ба додгоҳ намерасанд. Ҳоло Созмони Дидбони ҳуқуқи башар аз мақомот мехоҳад, мушкилоти хушунати хонаводагиро нодида нагиранд ва буҳронӣ будани вазъиятро эътироф кунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button