БАХШҲОИлму фанноварӣМинтақа ва ҶаҳонМУҲОҶИРОННуқтаи назарСиёсатТаърихТОҶИКИСТОНУмумӣХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҲуқуқи инсонЧеҳраҳоҶомеа

ДУ НАВРАС ДАР РӮШОН ҲАНГОМИ БОЗИИ ФУТБОЛ ВА ЯК ДУХТАР ДАР СИРДАРЁ ҒАРҚ ШУДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани боз се наврас хабар дод. Аз ҷумла нимаи дуюми рӯзи 4 июли соли 2023, соати 17:10, дар ноҳияи Рӯшони вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон наврасон футбол бозӣ мекардаанд. Дар байни бозӣ баногаҳ тӯби футбол ба дарё афтодааст. Ду нафар аз ин бачаҳо, ки яке 14 сол дошту сокини деҳаи Вамар Рӯшон буд ва дуюмӣ 12-сола, ки аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба меҳмонӣ омада буд, талош кардаанд, тӯбро доранд, вале ҳарду ба об сарнагун гашта, ғарқ шудаанд. Рӯзи 4 июл ҷустуҷӯи ҷасадҳо натиҷа надод ва субҳи 5 июл корҳои ҷустуҷӯӣ дар Вамар аз сар гирифта шуд.

Ҳамчунин бино ба гузориши Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, нимаи дуюми рӯзи 3 июл, тахминан соати 17:40, як духтари 15-солаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар як макони мамнуъи дарёи Сир ғарқ шудааст. Наҷотдиҳандагон бо дарёфти ин хабар ба ҷойи ҳодиса рафта, ҷасади духтарро аз об берун кашидаанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон алакай ҳудуди 80 нафар ғарқ шудаанд, ки беш аз нисфашро кӯдакону наврасони то синни 16 ташкил медиҳад. Соли гузашта дар Тоҷикистон 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шуда буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button