ТОҶИКИСТОН

ҶАСАДИ ЯК НАВРАСИ ҒАРҚШУДАРО ДАР ЁВОН БАЪДИ 27 РӮЗ ПАЙДО КАРДААНД

ҶАСАДИ ЯК НАВРАСИ ҒАРҚШУДАРО ДАР ЁВОН БАЪДИ 27 РӮЗ ПАЙДО КАРДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ёфт шудани ҷасади боз як навраси ғарқшуда хабар дод. Бино ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 2-уми майи соли 2023 як сокини 14-солаи деҳаи Чугу, ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бо сабабҳои номаълум дар канали деҳаи мазкур афтида, ғарқ шуда буд. Дар натиҷаи роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ танҳо рӯзи 29-уми май, яъне баъди қариб 4 ҳафта, ҷасади ин наврасро як километр поинтар аз ҷои ҳодиса дар соҳили канал пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супоридаанд.

Ин алакай сеюмин ҳодисаи ёфт шудани ҷасадҳои шаҳрвандони ғарқшуда дар ҳафтаи ҷорист.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 30 май аз ғарқ шудани боз ду сокини кишвар хабар дода буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button