Минтақа ва Ҷаҳон

ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ ЭРДУҒОН ПИРӮЗ ШУД

ДАР ДАВРИ ДУЮМИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ ЭРДУҒОН ПИРӮЗ ШУД

Бар асоси шумориши 99,85% овозҳо дар даври дуюми интихоботи президенти Туркия президенти кунунии ин кишвар Раҷаб Таййиб Эрдуғон 52,16% ва рақиби ӯ Камол Қиилчдорӯғлу 47,84% овоз ба даст оварданд. Ба ин тартиб, Эрдуғон дар интихобот баранда шуда, барои боз як давраи панҷсола курсии президентии Туркияро пеши худ нигоҳ медорад. Эрдуғон алакай аз пирӯзии худро эълон кард ва гуфт, мардуми Туркия боз барои 5 соли оянда масъулияти раҳбарии кишварро ба ӯ супурданд. Ӯ аз шодӣ ҳамроҳи тарафдоронаш дар майдон суруд ҳам хонд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон 69 сол дошта, аз соли 2003, инак 20 сол боз бар Туркия раҳбарӣ мекунад: то соли 2014 ба ҳайси сарвазир ва аз сол и 2014 ба ин тараф ҳамчун президент.

Муносибат ба шахси Эрдуғон мисли Туркия дар ҷомиаи Тоҷикистон низ яксон нест. Тарафдоронаш аз ӯ ба ҳайси як роҳбари пурнуфуз ва қавии олами Ислом тавсиф мекунанд ва пойбандиаш ба арзишҳои мазҳабии исломӣ арҷ мегузоранд. Мунтақидонаш баракс Эрдуғонро барои дар дастони худ мунсаҷим кардани қудрат ва табдил ёфтанаш ба як ҳокими худкома ба боди интиқод мекашанд. Мояи дигари норозигӣ аз шахси Эрдуғон дар ҷомиаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёди ӯ ба давлатҳои туркзабон ва ба Қирғизистон фурӯхтани ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор” аст, ки ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон аз ин дронҳо дар муноқишаи марзии моҳи сентябри соли 2022 фаровон истифода кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button