МУҲОҶИРОН

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 3 ТОҶИК БАР АСАРИ ТАРКИШИ БАЛОНИ КИСЛОРОД ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: ҲАЛОКАТИ 3 ТОҶИК БАР АСАРИ ТАРКИШИ БАЛОНИ КИСЛОРОД ДАР ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Нимаи дуюми рӯзи 23 майи соли 2023, тақрибан соати 15:30 ба вақти маҳаллӣ бар асари таркиши балони кислород ҳангоми кафшеркунӣ (сварка) дар минтақаи Соржа-Старая дар ноҳияи Всеволожскийи вилояти Ленингради Русия се зодаи Тоҷикистон ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Губернатор ё волии вилояти Ленинград Александр Дрозденко дар Телеграм-каналаш бо нашри як видео аз ҷои ҳодиса хабар дод, ки “ба иллати вайрон кардани технологияи истеҳсолот ва техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои кафшеркунӣ дар корхонаи ҶДММ “ДИДАЛ СК” дар понтони баҳрие, ки бояд тармим мешуд, таркиш ба вуқӯъ пайваст. Се нафар дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд, ба ду маҷруҳ дар бемористони Всеволожский ёрии тиббӣ расонда мешавад”, — хабар дод Дрозденко.

Соржа-Старая тақрибан дар 15-километрии шарқи шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи 47news.ru рӯзи 24 май хабар дод, ки дар Соржа-Старая на понтон, балки балони кислород таркида, ҳамаи қурбониён зодагони Тоҷикистон будаанд. Ин нашрия исми ду тан аз ҳалокшудагон ва яке аз захмиёнро муайян ва нашр кардааст. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, бар асари ин Бахтиёр Назаралиеви 37-сола ва Абдулло Чориеви 50-сола ҷон додаанд. Ҷасади ҳалокшудаи сеюмро ҳанӯз берун наовардаанд ва шахсияташро низ пурра муайян накардаанд. Вазъи Эрмат Юлдошеви 51-сола, ки дар бемористон қарор дорад, вазнин арзёбӣ мешавад. Шахсияти захмии дуюмро низ пурра муайян накардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button