МУҲОҶИРОН

БОЗДОШТИ РОҲЗАН БО ЛАҚАБИ “ФАТ” БАРОИ ҲАМЛА БА ХОНАИ ЯК ЗАН ВА ҒОРАТИ 1,7 МЛН РУБЛ

БОЗДОШТИ РОҲЗАН БО ЛАҚАБИ “ФАТ” БАРОИ ҲАМЛА БА ХОНАИ ЯК ЗАН ВА ҒОРАТИ 1,7 МЛН РУБЛ

Aз ҷониби кормандони милитсия марди 49-солаи сокини шаҳри Ҳисор бо тахаллуси «Фат», ки пеш бо моддаҳои 244, 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2002-2013 дар Федератсияи Россия бо моддаҳои 162, 228, Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (роҳзанӣ, ва маводи мухаддир) суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, 15-уми ноябри соли 1999, тахминан соати 17:30-дақиқа, бо дигар аъзоёни ҷинояткоронаи ғайриқонунии марди 46-солаи сокини ноҳияи Ёвон бо силоҳи оташфишон мусаллаҳ шуда, бо мақсади роҳзанӣ ғайриқонунӣ вориди хонаи истиқоматии зани 59-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, бо таҳдиди зӯроварӣ аз онҷо 1-адад «видеомагнитофон», 1-адад куртаи чармин, ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 1-адад дарзмоли тамғаи «Финикс»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 1 миллиону 710 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.

Нисбати гумонбаршаванда бо модаи 249 кисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button