Иқтисод

“БЕАҚЛӢ КАРДА, ГИРИФТАМ…” ДАР ИСФАРА ЯК ЗАН ДАР НАВБАТИ БОНК 5 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ЯК ПИРАЗАНРО ДУЗДИДААСТ

“БЕАҚЛӢ КАРДА, ГИРИФТАМ…” ДАР ИСФАРА ЯК ЗАН ДАР НАВБАТИ БОНК 5 ҲАЗОР ДОЛЛАРИ ЯК ПИРАЗАНРО ДУЗДИДААСТ

Санаи 10 майи соли 2023, як зан аз ҷузвдони зани солхӯрдае, ки дар шуъбаи “Амонатбонк” дар Исфара барои гирифтани пули нафақааш навбат мепоид, 5 ҳазор доллар пули нақдро дуздидааст. Ин ҳодиса субҳи 10 май, соати 09:40 вақте рух дод, ки сокини ҷамоати Чоркӯҳ Соҷида Қаландарова субҳи 10 май 5 ҳазор доллареро, ки фарзандонаш аз Русия фиристода буданд, аз хазинаи бонк гирифта, сипас барои гирифтани пули нафақаи худаш навбат истодааст. Бо иттиҳоми дуздидани ин 5 ҳазор доллар зани 33-солаи сокини ҷамоати Навгилем дастгир шудааст. Худи ин зан мегӯяд: “Ба “Амонатбонк” барои гирифтани нафақаи кӯдаконам рафта будам. Дар навбат истодам будам. Одам бисёр буд. Дар сумкаи ҳамон зан пулро намоён дидаму беақлӣ карда гирифтам…”

Шахсияти дуздро бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ зуд ошкор карда ва алакай давоми рӯзи 10 май ӯро пайдо ва дастгир кардаанд. Вале ӯ дар байни ин чанд соат алакай 200 доллар аз пулҳои дуздидаашро иваз карда ва барои эҳтиёҷоти худ сарф карда буд.Баъди дастгир шуданаш ин зан ҳамаи зарари расондаашро барқарор карда ва 5 ҳазор долларро пурра ба соҳибаш баргардондаанд.

Дар ҳоли ҳозир ба сабаби дар тарбияташ қарор доштани тифлони ноболиғ ин занро ба шарти тарк накардани маҳалли зисташ шартан озод кардаанд. Вале ба зидди сокини ҷамоати Навгилем бар асоси моддаи 244 бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ба ӯ бар асоси ин банди қонун ҳамчун ҷазо ҷарима ваё чандин соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button