Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

ЯК МИЛИСАИ ТОҶИК, КИ БА ҚОЧОҚИ 55 КГ НАШЪА АЙБДОР МЕШУД, АЗ ҲАБС ОЗОД ШУД

ЯК МИЛИСАИ ТОҶИК, КИ БА ҚОЧОҚИ 55 КГ НАШЪА АЙБДОР МЕШУД, АЗ ҲАБС ОЗОД ШУД

Додгоҳи ноҳияи Первомайски шаҳри Бишкек М.И., як корманди вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми интиқоли ғайриқонунии қариб 55 кило маводи мухаддир дар Қирғизистон боздошт шуда буд, озод кардааст. Бино ба навиштаи 24.kg, М.И. (аз ин корманди ВКД Тоҷикистон чунин ном бурда мешавад), ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Бӯстон кор мекард ва рутбаи сержанти калони милитсияро дошт, бо шарики худ шаҳрванди дигари Тоҷикистон А.У. дар соли 2021 як гурӯҳи муташаккили ғайриқонуниеро ташкил ва ҳамвора ба кишварҳои ИДМ (СНГ) маводи мухаддир интиқол медодаанд.

Дар моҳи июни соли 2022 боз ин ду нафар марзро ғайриқонунӣ убур намуда бо худ 11 килою 290 грамм маводи нашъаовар ва 21 килою 942 грам ҳашишро вориди хоки Қирғизистон мекунанд, ки кормандони бахши мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Қирғизистон (СБНОН) онҳоро дастгир мекунанд. Корманди ин ниҳод гуфтаанд, ки онҳо дар натиҷаи як соли коркардҳои фаврӣ ноил шудаанд, ки ба ҳадафи худ расанд ва ин гуруҳи нашъаҷаллобро ошкор ва дастгир кунанд.

Додгоҳи Бишкек А.У.-ро ба муддати 14 сол маҳкум ба зиндон корд, вале шарики ӯ М.И., ки корманди ВКД Тоҷикистон номаш мебаранд, бо пардохти 200 ҳазор соми қирғизӣ, баробар ба ҳудуди 2300 доллар, аз толори додгоҳ озод кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button