Минтақа ва ҶаҳонМУҲОҶИРОН

МАН НОҲАҚ БУДАМ… БЛОГЕРИ РУС КИРИЛЛ ШУЧЕР АЗ ХАЛҚИ ТОҶИК УЗР ПУРСИД (ВИДЕО)

МАН НОҲАҚ БУДАМ… БЛОГЕРИ РУС КИРИЛЛ ШУЧЕР АЗ ХАЛҚИ ТОҶИК УЗР ПУРСИД (ВИДЕО)

Блогери рус Кирилл Шучер аз шаҳри Санкт-Петербург баъди аз бемористон ҷавоб шуданаш дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз мардуми тоҷик узр пурсид ва эътироф кард, ки ӯ ҳақ набуд.

Шучер гуфт, тайи 20 рӯзи дар бемористон қарор доштанаш арзишҳои худро аз нав бозбинӣ кард ва ба хулосае расид, ки зиндагиро набояд барои қаҳру ғазаб сарф кард. Ӯ ваъда дод, ки аз пулис аризаашро ба зидди ду ҷавони тоҷике, ки ӯро латтукӯб карда буданд, пас мегирад.

Шучер дар муроҷиатномааш гуфт: “Салом, мусалмонони азиз. Ҳоло моҳи муқаддаси Рамазон идома дорад. Орзу дорам, ки ҳамаи Шумо ин моҳро хубу хуш таҷлил кунед. Ҳамчунин мехоҳам дар пеши шаҳрвандони Тоҷикистон ва мардуми тоҷик барои он видеои таҳқиромез ва ҷанҷоле, ки дар атрофаш ба по шуд, самимона узр бипурсам. Ман он видеоро алакай пок кардам. Зиндагӣ хеле кӯтоҳ аст, ки онро барои қаҳру ғазаб ва кинаю адоват харҷ кунем”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button