АфғонистонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Беш аз 160 нафар дар Афғонистон аз сармо ҷон бохтаанд

Мақомоти ҳукумати Толибон рӯзи панҷшанбеи 26-уми январ эълон карданд, ки беш аз 160 нафар бар асари сардиҳои ахир ҷон бохтаанд.

Шафеъуллоҳ Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати Толибон гуфт, «аз рӯзи 10-уми январ то кунун 162 нафар бинобар сармои ҳаво ҷон бохтанд».

Сардиҳои ахир дар 15 соли ахир миллионҳо афғонро ҳоло ба мушкили иқтисодӣ рӯбарӯ кардааст.

Аз сӯи дигар, маҳдудиятҳои ахири Толибон ба кори занон, фаъолияти бисёре аз муассисаҳои кӯмакрасонро фалаҷ кардааст.

Бисёре аз муассисаҳо дар ҳафтаҳои ахир дар пайи тасмими Толибон бар мамнуияти кори занон, фаъолияти худро қатъ карданд. Ин боис шудааст, ки фаъолиятҳои имдодрасонӣ дар ин кишвар ба маротиб кундтар шавад.

Мақомоти СММ ахиран гуфтанд, ки талош доранд то Толибон мамнуияти кори занон дар ниҳодҳои кӯмакрасонро бекор кунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button