АфғонистонМинтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Намояндаи Ҳинд дар СММ: Мо хоҳони ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ҳастем

Дипломати Ҳинд ахиран дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид хостори ташкили як ҳукумати фарогир дар Афғонистон шуд

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Армадҳу Судан, намояндаи Ҳинд дар СММ дар нишасти шӯрои амнияти созмони милал, ки барои Афғонистон баргузор шуд, гуфт ҳукумати фарогир барои таъмини саботи пойдору тавсеаи иқтисодии Афғонистон зарур аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Нишасти ғайрирасмии шӯрои амнияти Созмони милал дар бораи Афғонистон ба ибтикори Русия баргузор шуд.

Оқои Судан дар ин нишаст сулҳ ва амният дар Афғонистонро як амри ҳаётӣ хонд ва аз ҳамаи кишварҳо хост ба таври ҷамъӣ барои таҳаққуқи он талош кунанд.

Армадҳу Судан бо ишора ба пружаҳои Ҳинд дар Афғонистон гуфт, ки бо чирагии гуруҳи толибони кори ин пружаҳо ба далоил мухталиф мутавақи шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button