Хабарҳо

ДАР ДУШАНБЕ БОЗ ДУ ЭСТАКАДАИ НАВИ СЕҚАБАТА МЕСОЗАНД

ДАР ДУШАНБЕ БОЗ ДУ ЭСТАКАДАИ НАВИ СЕҚАБАТА МЕСОЗАНД

Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе хабари сохтмони эстакадаи нав дар майдони «Бофанда»-и пойтахтро тасдиқ карда, гуфтааст, дар ҳоли ҳозир, ин лоиҳа ва манбаъҳои маблағгузории он таҳти баррасӣ қарор доранд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар сурати бунёди ин эстакада, ё чорроҳаи сеқабата бинои раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва ҳайкали тонки Артиши Шӯравӣ аз ин минтақа бардошта мешаванд ва ҳайкали тонкро шояд ба Боғи Ғалаба интиқол бидиҳанд.

Дар Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе ба хабаргузории “Ховар” гуфтаанд, дар рафти бозсозии эстакадаи мазкур купруки роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» низ навсозӣ мегардад. Ҳамчунин, бунёди боз як эстакадаи сесатҳа дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ дар мавзеи назди чорроҳаи Сирки Тоҷик н низ дар назар дошта шудааст.

То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду эстакадаи сеқабата: яке дар маҳаллаи Қарияи Боло ва дуюмӣ дар маҳаллаи 82-юм мавриди истифода қарор дода шудаанд. Қаблан муовини сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Шодимурод Аловуддинов иттилоъ дода буд, ки то соли 2025 дар Душанбе бунёди 10 эстакада ва дар умум, дар чорчӯби амалӣ сохтани Нақшаи генералии пойтахт сохтани 20 чорроҳаи сесатҳа дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button