АфғонистонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Русия: Толибон тахасуси лозимро барои идораи кишвар надорад

Намояндаи доимии Русия дар СММ гуфтааст, ки толибон ба далели надоштани тахассус ва тавони лозим, барои мувоҷиҳа бо мушкилоту чолишҳои ҷадид омодагӣ надоранд

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Василий Небензия, намояндаи доимии Русия дар СММ дар нишасте дар Созмони милал толибонро пойбанд набудан ба ваъдаҳояшон муттаҳам карда ва ононро дар мудирияти чолишҳои боқимонда аз гузашта ва чолишҳои ҷадид дар Афғонистон нотавон хондааст, иттлоъ додааст хабаргузории “Парс тудей”.

Вай ҳушдор додааст, ки агар вазъият дар Афғонистон бадтар аз ин шавад мунҷар ба афзоиши тероризм, ифротгароӣ ва низ шаклгире мавҷи азиме аз паноҳҷуён хоҳад шуд .

Небензия бо ишора ба нишасти формати Маскав дар мавриди Афғонистон тасреҳ кард: ҷомеъаи байналмилалӣ бояд талошҳои худро барои кумак ба ин кишвар ҳамоҳанг кунад ва бо мақомҳои феълии Афғонистон гуфтугӯи амал гароёна дошта бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button