АфғонистонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дидбони Ҳуқуқи Башар: Ҷиноятҳои ҷангӣ дар Афғонистон бояд баррасӣ шавад

Дидбони Ҳуқуқи Башар бар баррасии ҷиноятҳои ҷангӣ дар замон ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон таъкид кардааст

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ин ниҳод дар охирин гузориш худ мегӯяд, ки бархе аз ҳамлаҳои шабонаи неруҳои хориҷӣ дар Афғонистони бар бунёди иттилооти нодурусти анҷом шудаанд ва ин масъала бояд пайгирӣ шавад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Муовини бахши Осиёии ин ниҳод мегӯяд, ки ин созмон дар бист соли гузашта ҳамлаҳоеро баррасӣ кард ва он нишон дод, ки онҳо бар бунёди иттилооти нодуруст роҳандозӣ шудаанд ва дар натиҷаи он ғайринизомиёни ҷон бохтаанд.

Патритсия Гусман, муовини бахши Осиёии дидабони ҳуқуқи башар дар ин бора чунин мегуяд: «ҷиноҳҳои даргир дар ҷанг мувазафанд ҷиноятҳои эҳтимолиро баррасӣ кунанд. Дар ҷараёни даргириҳо неруҳои Амрикоӣ ба пурсишҳо дар бораи талафоти ғайринизомиён посух медод, ки гуё ҳамаи кушташудагон ҷангҷӯён буданд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button