Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҷонибдории ҳукумат аз иваз кардани Ҷиргатол: Маҷлиси миллӣ баррасӣ мекунад

Номи Ҷиргатол, ки қаблан дар сатҳи ноҳия иваз шуда буд, аз ҷониби мақомот боз пешниҳод шудааст, дар сатҳи деҳа ва ҷамоати деҳот низ иваз гардад

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод барои иваз кардани бархе аз ҷойномҳо дар ноҳияи Лахш, собиқ Ҷиргатолро баррасӣ мекунад.

Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқии ноҳияи Лахшро ҷонибдорӣ карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод намудаст.

Аз ҷумла тибқи ин пешниҳодот, ки ҷонибдорӣ шудаст, деҳаи Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ҷамоати деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯз тағйири ном мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки худи ноҳияи Ҷиргатол соли 2016 ба Лахш иваз карда шуд.

Аввали соли равон беш аз 40 воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишин дар ноҳияи Лахш иваз карда шуданд.

Аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Янгишаҳр ба Нурафшон, деҳоти Сартало ба Саритал, деҳоти Қашот ба Истиқлол, деҳоти Муқсу ба Лахши Боло, деҳоти Алға ба Сайлиобод тағйири ном карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button