Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ТОЛИБОНРО БА ШИКОРИ САРОСАРИИ ТОҶИКҲОИ АФҒОНИСТОН АЙБДОР КАРД

ТОҶИКИСТОН ТОЛИБОНРО БА ШИКОРИ САРОСАРИИ ТОҶИКҲОИ АФҒОНИСТОН АЙБДОР КАРД

Вафо Ниятбекзода, сардори раёсати таҳқиқоти стратегии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 16 ноябри соли 2022 дар нишасти машваратии бахшида ба вазъи Афғонистон дар пойтахти Русия (“формати Маскав”) пиромуни поймол шудани ҳуқуқи тоҷикҳои Афғонистон дар аҳди режими нави Толибон изҳори нигарон кард. Дипломати тоҷик гуфт, баъди дар Афғонистон ба қудрат расидани ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон дар он кишвар шикори саросарии тоҷикҳо шурӯх шуда, тоҷикҳои Афғонистонро дар Панҷшеру Кобул ва дигар вилоятҳои шимол бо баҳонаи ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мекушанд. Ниятбекзода ҳамчунин таъкид кард, ки ҳукумати фарогир бо ҷалби намояндагони тамоми гуруҳҳои қавмию сиёсӣ дар Афғонистон то ҳол ташкил нашудааст.

“Мо пиромуни шикори саросарии тоҷикҳо, ки ба сурати аз ҳама барҷаста дар вилояти Панҷшер, дар пойтахт, шаҳри Кобул ва як қатор аз вилоятшои шимоли Афғонистон ба мушоҳида мерасанд, борҳо изҳори ташвиш кардаем. Ҳар рӯз (дар Афғонистон) бо баҳонаи ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон қатлҳо сурат мегиранд”, — изҳор дошт намояндаи Тоҷикистон ва афзуд, ки Тоҷикистон “қатъиян мухолифи поймол кардани ҳуқуқи гуруҳҳои мухталифи қавмӣ дар Афғонистон, ҳуқуқи занон, ҳарбиёни собиқи Урдуи давлатӣ ва намояндагони фарҳанг мебошад”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button