ТОҶИКИСТОН

САРБОЗИ ТОҶИК ОҚИЛҶОН ОДИНАЗОДАРО ДАР ТОҶИКОБОД БА ХОК СУПУРДАНД (2 АКС)

САРБОЗИ ТОҶИК ОҚИЛҶОН ОДИНАЗОДАРО ДАР ТОҶИКОБОД БА ХОК СУПУРДАНД (2 АКС)

Нимаи дуюми рӯзи 15 ноябри соли 2022 дар деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод маросими видоъ ва дафни сарбози тоҷик Одиназода Оқилҷон Ҷумъабек баргузор гардид. Оқилҷон Одиназода дар муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи сентябри соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷароҳат бардошта буд ва қариб ду моҳ боз таҳти табобат қарор дошт, вале мутаассифона, табибон натавонистанд ин ҷавони 22-соларо аз чанги марг наҷот диҳанд.Сӯҳроб Ваҳҳобниё дар гуруҳи фейсбукии ЗОДГОҲ — ОҒОЗГОҲИ ВАТАН хабар дод, ки дар маросими видоъ бо Оқилҷон Одиназода дар Сафедмун муовини фармондеҳи қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, сардорони идораҳои корҳои дохилию амнияти минтақаи Рашт, раиси ноҳияи Тоҷикобод, фармондеҳони воҳидҳои низомии мустақар дар минтақаи Рашт ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доштанд.

Бино ба иттилои Сӯҳроби Ваҳҳобниё, Одиназода Оқилҷон зода ва сокини деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод буда, 22 сол дошт ва баҳори соли 2021 ба хидмати зарбӣ даъват шуда, дар яке аз воҳидҳои марзбонӣ дар марзи Исфараи вилояти Суғд хидмат мекард.

“Дар даргириҳои хунини марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзҳои 14-17-уми моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Исфара, мардона дар муқобили душмани паймоншикан ҷангид ва шадидан маҷруҳ шуд, вале сангари худро тарк накард. Чанд муддат дар бемористони шаҳри Хуҷанд ва як моҳи ахир дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе бистарӣ буд. Ду бор ҷарроҳӣ шуд. Субҳи 15 ноябр дар бемористони Қарияи Боло аз дунё даргузашт. Асри 15 ноябр дар мазори деҳаи Сафедмун ба хок супурда шуд”, — хабар додааст Сӯҳроби Ваҳҳобниё.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button