Фарҳанг

ДАР ҲАҚҚИ ЧИЛАХОН ХОЛОВ ДУО КУНЕД! ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ЧАНД МОҲ БОЗ БЕМОР АСТ

ДАР ҲАҚҚИ ЧИЛАХОН ХОЛОВ ДУО КУНЕД! ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ЧАНД МОҲ БОЗ БЕМОР АСТ

Сардори раёсати вазорати фарҳанги Тоҷикистон Раҳмоналӣ Шерализода бо нашри чанд акс дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 16 ноябри соли 2022 ҳамроҳ бо муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон муҳтарам Давлат Сафар ва чанде аз дӯстон ба аёдати Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, устод Чилахон Холов ба манзили эшон рафтаанд.

“Тавре дӯстон огоҳанд, ин шабу рӯзҳо овозхони маънисарои мо аз беморӣ каме ранҷ мебаранд. Аммо аз дидор ва суҳбати эшон мо бо хотири осуда баргаштем. Зеро Чилахон Холов дар ҳар ҳол рӯҳияи қавӣ дорад. Ӯ зимни суҳбат иброз дошт, ки ҳанӯз 30 суруди тозаи НОНАВИШТА дар кӯлбори эҷодияш дорад. Худованди меҳрубон, ки шифояшро арзонӣ дошт, сурудҳои навамро барои мухлисони ҳунар сабт ва тақдим мекунам.

Аз Худованди меҳрубон барои ин ҳунарманди маҳбубамон шифои оҷилу комил таманно дорем”, навиштааст Раҳмоналӣ Шерализода.

Қаблан журналист Сайёфи Мизроб хабар дода буд, ки рӯзи 3 марти соли 2022 Чилахон Холовро дар Маркази миллии “Шифобахш” (бемористони Қарияи Боло), дар бино ё корпуси №10 ҷаррроҳии гурда кардаанд. Сайёфи Мизроб Чилахон Холовро “богурдатарин сарояндаи тоҷик” ном бурда, хабар дод, ки рӯзи 4 март, вақте овозхон баъди наркоз дубора ба ҳуш омад, хоҳиш кардааст, ки мухлисонаш дар ҳаққи ӯ дастбадуо бошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button