Илму фанноварӣМУҲОҶИРОНХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар як шаҳри Русия омӯзиши забони тоҷикӣ роҳандозӣ шуд

Дарси забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони муқими шаҳри Қазон роҳандозӣ шудааст, ки ҳадафаш ҳифз ва тарғиби забони модарӣ мебошад

Фарзандони тоҷикони муқими Тотористон ба омӯзиши алифбои забони тоҷик шурӯъ карданд, хабар медиҳад Шӯрои ҷамъиятии назди ҳукумати ҶТ.

Нахустин дарси забони тоҷикӣ, дар Хонаи дӯстии халқҳо бо ибтикори Ташкилоти ҷамъияти тоҷикони Тотористон доир гардидааст.

Хонандагони мактаби якшанбегӣ фарзандони тоҷикони муқим ва муҳоҷирони шаҳри Қазон мебошанд, ки аксари онҳо дар мактабҳои миёнаи русӣ дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил мекунанд.

Дар доираи ин дарс ба хонандагон дар бораи Тоҷикистон, рамзҳои давлатӣ ва алифбои забони тоҷикӣ маълумот пешниҳод мешавад.

«Ҳадафи аслии ин мактаб ҳам, пеш аз ҳама, тарғибу ташвиқи омӯзиши забони тоҷикӣ барои фарзандони тоҷикони бурунмарзӣ аст», — омадааст дар хабарнома.

Акнун фарзандони тоҷикони муқим ва муҳоҷирони шаҳри Қазон имкон доранд, рӯзҳои якшанбе соати 16:00 дар Хонаи дӯстии халқҳо забони тоҷикӣ омӯзанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button