Хабарҳои кӯтоҳ

ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ ДАР ДУШАНБЕ БОЗ ЯК ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДААНД

ЯТИМОВ ВА ТОШИЕВ ДАР ДУШАНБЕ БОЗ ЯК ПРОТОКОЛ ИМЗО КАРДААНД

Рӯзи 14 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ҷаласаи навбатии муштараки ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузории сарҳадди давлатии ин ду кишвар баргузор шуд.

Дар хабари расмӣ бидуни ироаи ҷузъиёт гуфт мешавад, ки “аз натиҷаи нишаст протоколи дахлдор ба имзо расонида шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон доир карда мешавад”.

Дар иттилоияи расмӣ ҳамчунин гуфта шудааст, ки “мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт”.

Тафсилоти дигари музокироти дар Душанбе суратгирифта дастрас нест. Ҷониби Қирғизистон низ дар бораи натиҷаҳои нишасти Душанбе ҷузъиёти аз ин бештар надодааст. Худи Тошиев ҳам, ки маъмулан баъди чунин нишастҳо бо хабарнигорон суҳбат мекард, ҳанӯз дар бораи раҳоварди сафараш ба Душанбе чизе нагуфтааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button