Хабарҳо

КОМРОН ЧӢ ТАВР АЗ ҲИСОР ТО МАСҶИДИ ШОҲЧАРОҒИ ШЕРОЗ РАФТ?

________________________________________

Комрони Субҳон, ҷавони 23-солаи тоҷик, ки дар ҳамла ба масҷиди шиаён дар шаҳри Шерози Эрон айбдор мешавад, қаблан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия будааст. То ҳол рӯшан нест, ки ӯ тариқи кадом хатсайр ё кишрваре аз Русия ба хоки Эрон ворид шудааст. Мақомоти Эрон гуфтанд, ӯ дар ҳамлаи рӯзи 26-уми октябри имсол ба масҷиде дар Шероз даст дошт ва пас аз захмӣ шудан дар бемористон ҷон дод. Дар ин ҳамла 15 нафар кушта ва 20 нафар захмӣ шуданд.

Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Комрон се сол пеш аз Тоҷикистон ба шаҳри Маскави Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ҳамагӣ як сол дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон хондааст ва таҳсилро дар ин донишкада ба охир нарасонидааст.

Зӯҳро Арбобова, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и Ҳисор, р гуфт, ҳарчанд Субҳон бо баҳои миёна мехонд, аммо одобу ахлоқи хуб дошт. «Ба касе кор надошт. Баъд аз хатми мактаб низ ман баъзан вақт дар кӯчаву хиёбонҳо вомехӯрдем, бо салому алайк аз наздам мегузашт, бо одоби инсонӣ салому алайк карда мегузашт. Ягон кори ғайришаръӣ ё ғайриинсониро аз тарафи ӯ надида будам. Бачаи боодоб буд. Ҳангоми таҳсил ба касе зарараш намерасид,»-афзуд, Зӯҳро Арбобова.

Комрон ҳанӯз хонадор нашуда буд. Наздиконаш тахмин мезананд, ки шояд ӯ дар Русия ба кадом гурӯҳи тундгаро пайвастааст. Дар маҳалли зисташ гуфтанд, ягон аломатҳои шубҳабарангези вайро надидаанд.

Ба қавли Аминҷон Имомов, сокини кӯчаи Рӯмии шаҳри Ҳисор, Комрон ҷавони намозхон ва дар корҳои ҷамъиятии макони зисташ фаъол будааст.

«Бачаи хубу дарсхон буд. Бачаи бо муомила буд. Дар рӯзҳои шанбе дар масҷид шанбегӣ мекардем, бачаҳои бисёр ҷамъ мешуданд, муйсафедҳо буданд, хуб буд, муомилааш соз буд,»-гуфт, Аминҷон Имомов.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button