ТОҶИКИСТОНХабарҳо

ҲУКМИ ЗИНДОНИ КЕЛИН БАРОИ ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ХУШДОМАН ВА ДУЗДИИ КУРТАЮ ПОҶОМА

ҲУКМИ ЗИНДОНИ КЕЛИН БАРОИ ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ХУШДОМАН ВА ДУЗДИИ КУРТАЮ ПОҶОМА

Додгоҳи вилояти Хатлон Миҷгона Бегматова, як зани сокини деҳаи Ғаллаободи ноҳияи Хуросонро бо ҷурми қатли бераҳмонаи хушдоманаш Бобокалонова ба 18 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Дугонаи ӯ Мадина Нурмаҳмадзода барои ҳамдастӣ дар ин ҷиноят ба 17 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Бино ба фарзияи тафтишот, Бегматова ва Нурмаҳмадова нафақат он занро дар назди набераи хурдсолаш буғӣ карда, куштанд, балки баъди куштани ӯ тавассути тиреза ба ҳуҷраи дигар даромада, 220 сомонӣ, як телефони мобилии тамғаи “Самсунг” бо арзиши 250 сомонӣ, як ҷуфт пойафзоли занона бо арзиши 25 сомонӣ ва 2 ҷуфт куртаю поҷомаи марҳумро дуздидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button