Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Эрдуғон ва мардуми Туркия

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба пайвандони қурбониёни таркиш дар шаҳри Истанбул таъзия баён намуда, барои осебдидагон дар ин фоҷиа шифои комил хостааст

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар робита ба таркиши маргбори Истанбул барқияи тасаллӣ ирсол кардааст.

«Хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари таркиш дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истамбул боиси андуҳи амиқи мо гардид», — омадааст дар барқия.

Эмомалӣ Раҳмон таъзия ва таслияташро ба Эрдуғон, мардуми Туркия ва аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ иброз намуда, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Маврид ба зикр аст, ки таркиш дар кӯчаи Истиқлоли Истанбул баъди зуҳри 13 ноябр рух дод. Кӯчаи мазкур пиёдагузар буда, миёни сокинони маҳаллию сайёҳон маъруф мебошаду аксаран серодам аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button