ТОҶИКИСТОН

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ЧЕМПИОНИ БОКСИ ҶАҲОН ШАВКАТ РАҲИМОВ НИЗ ХОНА ТУҲФА КАРД

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ЧЕМПИОНИ БОКСИ ҶАҲОН ШАВКАТ РАҲИМОВ НИЗ ХОНА ТУҲФА КАРД

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 ноябри соли 2022 бо як қарори худ ба варзишгари тоҷик Шавкат Раҳимов, дастпарвари МД “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №9 оид ба бокс”-и шаҳри Душанбе, барои сазовор гардидан ба камарбанди қаҳрамони ҷаҳон тибқи фарзияи IBF (Федератсияи байналмилалии бокс) дар пойтахт хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард. Шавкат Раҳимов санаи 5 ноябр дар шаҳри Абу ЗабӣЮ пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб, дар раунди нуҳум муштзани бритониёӣ Зелфа Барреттро ба нокаут фиристод ва бори нахуст дар таърихи бокси касбии тоҷик соҳиби унвони IBF гардид.

Дар ду моҳи охир Шавкат Раҳимов инак сеюмин варзишгари тоҷик аст, ки Рустами Эмомалӣ ба онҳо барои пирӯзӣ дар мусобиқаҳои муътабари байналмилалӣ дар пойтахт хона туҳфа мекунад. Ӯ дар аввали моҳи сентябри соли 2022 ба паҳлавони ҷавони тоҷик Нуралии Эмомалӣ барои пирӯзиаш дар чемпионати ҷаҳон оид ба гуштини дзюдо дар байни ҷавонон дар Душанбе як хонаи нави дуҳуҷрагӣ бо тамоми шароити рӯзгор туҳфа карда буд. Ҳамин тавр, рӯзи 7 ноябр Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов барои гирифтани ҷои якум ва ба даст овардани медали тилло дар мусобиқаи “Тоскулоҳи бузурги Боку 2022” (“Baku Grand Slam 2022”) хонаи дуҳуҷрагӣ дар пойтахт бо тамоми шароити рӯзгор ва ба Муллораҷаб Халифаев барои ҷои дуюм ва гирифтани медали нуқраи ҳамин мусобиқа 100 000 сомонӣ тақдим кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button