Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дастури президент барои коҳиши воридоти либоси мактабию корӣ ба Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон хост талаботи дохилии кишвар ба либоси мактабӣ ва корӣ аз ҳисоби тавсеаи истеҳсолоти дохилӣ таъмин карда шавад

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи коргоҳи ҷадиди дузандагӣ дар ноҳияи Деваштич дар мавриди рушди соҳа ба масъулин супориш дод.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон барои дӯхти босифати либоси ягонаи мактабию корӣ дастур додааст.

Вай пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи мамлакатро талаб кардааст.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон чун кишвари пахтакор зарфияти рушди соҳаи нассоҷӣ бузург арзёбӣ мешавад. Аммо феълан аксари пахтаи Тоҷикистон дар шакли хом содирот мешаваду талаботи кишвар ба маҳсулоти нассоҷӣ, аз ҷумла либоси мактабӣ аз ҳисоби воридот таъмин мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button