Фарҳанг

ДАР ТОҶИКИСТОН “ЛУҒАТИ ӮЗБЕКӢ-ТОҶИКӢ” НАШР ШУД

ДАР ТОҶИКИСТОН “ЛУҒАТИ ӮЗБЕКӢ-ТОҶИКӢ” НАШР ШУД

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиб Сулаймон Эрматов, ки дар самти инъикоси таърихи робитаҳои адабии мардуми тоҷику ӯзбек хизматҳои шоён кардааст, «Луғати ӯзбекӣ – тоҷикӣ»-ро омодаи чоп намуд, ки чанде пеш дар КВД КТН «Шарқи озод» ба табъ расид.

Луғати мазкур қаробати забону фарҳанги ҳар ду халқро бори дигар собит менамояд. Тавре аз мушоҳидаи он бармеояд, калимаҳое, ки дар ҳар ду забон як хел истифода мешаванд, хеле зиёданд. Яъне, ин ду халқ он қадар ба ҳам қаринанд, ки ин қаробат ба фонди луғавиашон таъсири бузург гузоштааст. Масалан, тифли дар гаҳвораи тоҷику ӯзбек аз як калима — «алла» тасаллӣ меёбанд. Дар тӯйи арӯсии тоҷику ӯзбек як тарона — суруди «Ёр-ёр» садо медиҳад. Калимаҳои муҳаббат, ишқ, меҳр, вафо, садоқат, бахт ва саодатро, ки дилдодаҳоро як умр ба ҳам мепайванданд, ҳар як хонадони тоҷику ӯзбек истифода мебаранд.

Тавре муаллифи луғат Сулаймон Эрматов зикр кардааст, вожаи тоҷикии гул, ки рамзи зебоӣ ва бедоршавии табиат аст, дар забони ӯзбекӣ муодил надорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button