Хабарҳо

БА 300 МЕТР ҶАРӢ ЧАППА ШУДАНИ “ҶИП” ДАР АЙНӢ ВА ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАД ДАР ЯК ХОНА

БА 300 МЕТР ҶАРӢ ЧАППА ШУДАНИ “ҶИП” ДАР АЙНӢ ВА ЁФТ ШУДАНИ ҶАСАД ДАР ЯК ХОНА

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон 11 ноябри соли 2022 хабар дод, ки наҷотдиҳандагонаш тайи шабонарӯзи гузашта дар километри на 122-юми роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ҷасади ронандаи ҳалокшудаи як мошини ҷипро аз чуқурии 300 метр берун овардаанд ва ҳамчунин дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дари хонаеро, ки соҳибаш 4 рӯз боз аз худ дарак намедод, кушода, аз дохилаш ҷасади соҳиби хонаро пайдо кардаанд.

Бино ба хабари КҲФ, нимаи дуюми рӯзи 10 ноябр, соати 16:30 ба қисми навбатдории ин кумита навбатдори шуъбаи милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе занг зада, аз қавли ҳамкорони як сокини 52-солаи маҳаллаи Зарафшон — 22/9 хабар додааст, ки ӯ 4 рӯз боз ба кор намебарояд, ба зангҳо ҷавоб намедиҳад, аз хонааш садои мусиқӣ шунида мешавад, вале дарро касе намекушояд. Ба ҷои ҳодиса гуруҳи навбатдори наҷотбахшони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе сафарбар карда шуданд. Онҳо бо истифода аз таҷҳизоти махсус тавассути тиреза вориди манзили он мард шуда, дарро аз дарун кушоданд. Мутаассифона, наҷотбахшон дар дохили хона ҷасади алакай сардшудаи соҳибхонаро пайдо кардаанд. Дар бораи сабаби марги ин сокини маҳаллаи Зарафшон чизе гуфта нашудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button