Хабарҳо

АМНИЯТ ТАЪМИН НЕСТ: ТИМИ САМБОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИШТИРОК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ДАР БИШКЕК ХУДДОРӢ КАРД

АМНИЯТ ТАЪМИН НЕСТ: ТИМИ САМБОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ИШТИРОК ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ДАР БИШКЕК ХУДДОРӢ КАРД

Бо далели таъмин набудани амнияти варзишгарон, самбочиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон , ки 11-уми ноябри соли 2022 дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон оғоз ёфт, ширкат намекунанд.

Носир Бозор, сармураббии тими мунтахаби самбои Тоҷикистон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфт, онҳо мусобиқаҳои дохилиро гузаронида, дастаи мунтахабро барои ширкат интихоб ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои онҳоро барои сафар омода карданд, вале аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои масъул посух гирифтанд, ки кафолати амнияти варзишгарон таъмин нест. Аз ин рӯ, аз сафар даст кашиданд.

“Вақте мақомоти масъули кишвар амнияти варзишгаронро кафолат намедиҳанд, мо барои ширкат дар як мусобиқа ҷони ҷавононро дар хатар гузошта наметавонем. Кишвари бегона, характери одамон гуногун, таваккал намекунем. Агар амнияти бачаҳоро кафолат медоданд, мерафтем. Маҳз ҳамин чиз сабаб шуд, ки мо дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкат карда натавонистем”, — изҳори нигаронӣ кард Носир Бозор.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои гузаштаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон пайваста иштирок дошт. То ҳол, Беҳрӯзи Хоҷазода, Хушқадам Хусравов ва Акмалиддин Каримов, се паҳлавони тоҷик дар риштаи самбои варзишӣ ва Сайриддин Икромов ва Эраҷ Раҳимов ду нафари дигар дар намуди самбои размӣ қаҳрамони ҷаҳон шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button