Хабарҳои кӯтоҳ

САРЛАШКАРИ ЭРОНӢ: БА ТОҶИКИСТОН ТАЪКИД КАРДЕМ, КИ ДРОНҲОИ МОРО ЗИДДИ ҚИРҒИЗИСТОН ИСТИФОДА НАКУНАД

САРЛАШКАРИ ЭРОНӢ: БА ТОҶИКИСТОН ТАЪКИД КАРДЕМ, КИ ДРОНҲОИ МОРО ЗИДДИ ҚИРҒИЗИСТОН ИСТИФОДА НАКУНАД

Генерал Муҳаммад Боқирӣ, фармондеҳи ситоди кулли артиши Эрон рӯзи 9 ноябри соли 2022 дар як суҳбати телефонӣ бо вазири мудофиаи Қирғизистон Бахтибек Бекболотов омодагии Эрон барои мусоидат ба ҳалли сулҳомези баҳсҳои марзии байни Қирғизистону Тоҷикистонро изҳор дошт ва бо тасдиқи хабари ба Тоҷикистон додани паҳподҳо, ё ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ гуфт, ки ин дронҳои тамғаи “Абобил 2” бесилоҳанду табиати таҳоҷумӣ надоранд. Аз сӯи дигар, афзудааст сарлашкари Эрон, мақомоти Ҷумҳурии исломӣ ба ҷониби Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки ин ҳавопаймоҳоро зинҳор дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон истифода накунад.

Маҳдии Бахтиёрӣ, хабарнигори хабаргузории нимарасмии эронии “Тасним” аз суханони генерал Боқирӣ чунин нақли қавл кардааст: “Паҳподҳое, ки ба Тоҷикистон додем, аз навъи “Абобил 2” аст, ки сирфан дорои қобилияти шиносоӣ ҳастанд ва таслиҳот ва таҷҳизоти таҳоҷумӣ надоранд. Ба Тоҷикистон таъкид кардем, дар даргирии марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз ин паҳподҳо истифода накунанд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button