Ҷомеа

ПИСАРИ ҶАҲОНПАҲЛАВОН САИДМӮЪМИН РАҲИМОВ БА 20 СОЛ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми ноябри соли 2022 Саидаҳмад Раҳимов, писари ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимовро ба иттиҳоми куштор ба 20 сол зиндон маҳкум кард. Қаблан айборкунандаи давлатӣ аз додгоҳ айни чунин ҳукмро талаб карда буд. Бино ба гузориши Радиои Озодӣ, ҷониби маҳкумшуда аз қарори додгоҳ норозигӣ кардааст.

ВКД қаблан хабар дода буд, ки Саидаҳмад Раҳимови 22-сола 5 августи соли ҷорӣ Муҳаммадҷовид Зокирзода, сокини ноҳияи Варзобро, ки аз вай қарздор буд, бо 17 зарби корд ба ҳалокат расондааст.

Фирдавс Субҳонзод, вакили дифои хонаводаи Саидаҳмад Раҳимов рӯзи 10-уми ноябр пас аз эълони ҳукми додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояааш дар мурофиаи додгоҳӣ аз кирдораш пушаймонӣ кард. Вай афзуд, ки аз додгоҳ хоҳиш карда буданд, ки ҷавониаш, фарзанди ноболиғ доштан ва саробони хонавода буданашро ба назар гирифта, ба ӯ ҷазои сабуктар диҳанд.

«Аз тарафи хешовандони зерҳимояам ба наздикони ҷабрдида 52 ҳазор сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ дода шуд, ки онҳо баъди қабули ин маблағ аз даъво даст мекашанд, аммо ба гуфтаи худ наистоданд», — афзудааст Фирдавс Субҳонзод. Аммо ин иддаои пулгирӣ бо ваъдаи аз даъво даст кашиданро хонаводаи ҷавони кушташуда Муҳаммадҷовид Зокирзода беасос хонданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button