Варзиш

Созиши Русия ва Тоҷикистон барои баргузории мусобиқаи байналмилалии қаиқронӣ

Президенти Федератсияи қайиқронии слаломи Русия зикр намуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ тими мунтахаби иттиҳодӣ дар дарёи Варзоб тамрин мекард

Тоҷикистону Русия мувофиқа кардаанд, ки соли оянда як мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи қаиқронии слалом баргузор намоянд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, тавофуқ дар ин бора зимни мулоқоти ноиби президенти КМОТ Дилшод Назаров бо президенти Федератсияи қайиқронии слаломи Русия Сергей Папуш ҳосил шуд.

Ҷонибҳо мушаххас намудаанд, ки мусобиқаи байналмилалии қайиқронии слаломро дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон баргузор намоянд.

Мувофиқа шуд, ки низомномаи мусобиқа дар наздиктарин фурсат омода карда шуда, ҷиҳати анҷоми корҳои ташкилӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шавад, омадааст дар иттилоия.

Дар баробари ин зимни мулоқот масъалаҳои дигари ҳамкории дуҷониба ҷиҳати рушди варзиши қайиқронии слалом баррасӣ гардиданд.

Назаров изҳори боварӣ намудаст, ки ин мулоқот боиси рушди ҳамкориҳо ва рушди намуди слалом дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дар навбати худ Сергей Папуш изҳор намуд, ки Тоҷикистон дарёҳои зиёд дорад, ки барои машғул шудан ва рушди варзиши қайиқронии слалом мусоид аст. Аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ дастаи мунтахаб дар дарёи Варзоб тамрин мекард, омадааст дар иттилоия.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button