Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ширкати IRS: Роҳи Душанбе-Чаноқ баъди чанд соати баста будан, дубора боз шуд

Ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ иҷозат дода шуд. Ширкати IRS мегӯяд маҳдудиятҳо барои ҳама намуд нақлиётҳо бардошта шуд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Роҳи Душанбе-Чаноқ баъди чанд соати баста будан, дубора боз шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Ширкати IRS.

Ширкати IRS, ки масъули нигоҳбини роҳ аст бо нашри хабарномае гуфт, маҳдудиятҳо барои ҳама намуд нақлиётҳо бардошта шуд.

«Ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи Душанбе-Чаноқ иҷозат дода шуд. Ба ронандагону мусофирон роҳи сафед таманно карда, бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда, эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд ва ба ҳолати техникии автомобилҳо беъэтиноӣ зоҳир накунанд»,-омадааст дар хабарномаи IRS.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button